Январ 26, 2023 18:10 Asia/Dushanbe
  • Бисту нуҳумин иҷлоси саросарии намоз бо паёми Раҳбари муаззами инқилоб оғоз шуд

Бисту нуҳумин иҷлоси саросарии намоз бо қароъати паёми Раҳбари муаззами инқилоб ва бо ҳузури масъӯлони фарҳангӣ оғоз шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин иҷлос имрӯз панҷшанбе бо шиори “ Намоз, мадраса, донишгоҳ, хонавода ва муаллимони оянда” бо ҳузури Саидиброҳими Раисӣ- раиси ҷумҳури Эрон дар Теҳрон оғоз швд ва бахши оғозини ин иҷлос қироъати паёми Раҳбари муаззами инқилоб буд .
Матни паёми Мақоми муаззами раҳбарӣ ба ин иҷлос ба шарҳи зер аст :

 Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Валҳамдуллаҳи Рабби Оламин ва саллаллоҳи ало Муҳамадин ва оли тоҳирин симо бақиятуллоҳи филоламин арвоҳуно фидо

Барпоии ин ҳамоиши фархунда пас аз таъхири дусола мояи хурсандӣ ва ин шо Аллоҳ мӯҷиби баракат аст .
Ҳар талоши фикрӣ ва амалӣ барои нишон додани арзиши намозу бузургдошти ин фаризаи муборак коре дар ҷиҳати нӯронӣ кардани дили инсонҳову гарм кардани маҳфили зиндагии онҳост . Ёди Худо, ки намоз мазҳари комили он аст, дилу ҷонро озод ва ҷомеъаро обод месозад . Пайвандҳои ҳаётӣ дар як ҷомеъаи хушбахту хушфарҷом ҳамчун дӯстӣ ва гузашту меҳрбонӣ ва ҳамдиливу ҳамдардӣ ва ёрирасониву хайрхоҳӣ ва амсоли он ба баракати ривоҷ ва иқомаи намоз истеҳком меёбад .
Сафҳои намози ҷамоат суфуфи ба ҳам пайвастаи фаъолиятҳои иҷтимоиро падид меоварад . Конуни гарму пуршӯри масоҷид конунҳои ҳамкорӣ дар арсаи иҷтимоиро равнақ мебахшад . Намоз  онгоҳ ки бо эҳсоси ҳузури Худованд гузорида шавад ба ҳамаи арсаҳои зиндагӣ нурафшонӣ мекунад ва дунёу охирати фарду ҷомеъаро обод месозад .
Намозгузор - ҳар ки ва ҳар ҷо - ба андозаи зарфияти худ аз намоз баҳра мебарад, вале дар ин миён ҷавонону навҷавонон аз ҳама пештаранд ; баҳраи онон аз намозе ки бо тавваҷуҳу хушўъ хонда шавад басе бештар аст .
Дили ҷавону навҷавон омодагии афзунтаре дорад барои расидан ба « фалоҳ », ки азони намоз шитоб гирифтан ба онро суфориш мекунад . Падарону модарон, муаллимону устодон, ва андарзгӯёну роҳнамоён, ин ҳақиқатро дар робитаи миёни намозу ҷавон ба ёд дошта бошанд ва вазифаеро ки бар дӯши онҳост бишносанд .
Мадорис, донишгоҳҳо ба таври вижа Донишгоҳи фарҳангён, Садо ва Симо дигар дастгоҳҳои фарҳангсоз дар шумори мухотабони аслии « ақимуссалоҳ » ҷой мегиранд . Тавфиқи ҳамагонро аз Худованди мутаъол масъалат мекунам .
 

 

Барчасп