Узвияти Донишгоҳи улӯми пизишкии ҳушманди Эрон дар донишгоҳҳои маҷозии Ҷаҳони Ислом
(last modified Sat, 28 Jan 2023 05:17:56 GMT )
Январ 28, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Донишгоҳи улӯми пизишкии ҳушманди Эрон дар донишгоҳҳои маҷозии Ҷаҳони Ислом

Донишгоҳи улӯми пизишкии ҳушманди Эрон ба унвони узви олии Кумитаи омӯзиши шабакаи донишгоҳҳои маҷозии Ҷаҳони Ислом ( CINVU ) интихоб шуд .

Шабакаи донишгоҳҳои маҷозии Ҷаҳони Ислом танҳо шабакаи донишгоҳии муртабит бо Кумитаи ҳамкории илмӣ ва фанноварӣ ( COMSTECH ), зайли Кумитаи илмӣ ва фанноварии Созмони ҳамкориҳои исломӣ ( OIC )аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон мизбони он аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, узвияти Донишгоҳи улӯми пизишкии ҳӯшманди Эрон дар шабакаи донишгоҳҳои маҷозии Ҷаҳони Ислом ( CINVU ) бар асоси муқаррароту ойини ҳамкории аъзои CINVU  дар ростои тақвияту тавсеаи омӯзиши олӣ дар Ҷаҳони Ислом ва ироаи хадамоти шабакаӣ ба манзури фароҳам кардани заминаи эҷоди иртиботи муассири кишварҳои исломӣ ва ҳамчунин ҳамкорӣ дар ҷиҳати аҳдофи илмӣ ва фанноварӣ сурат гирифтааст .
Ба гузориши равобити умумии Донишгоҳи улӯми пизишкии маҷозӣ ин шабака ки пойгоҳии муҳиму ғанӣ барои тақвияту тавсеаи омӯзиши олии ҳамагонии Ҷаҳони Ислом аст, барои таҳаққуқи адолат дар арсаи дониш ва тасбити омӯхтаҳо талош мекунад ва зимни эҷоди дастрасӣ ба манобеи муфид имкони истифода аз мутахассисон ва таҷрибаи соири донишгоҳҳоро аз тариқи ироаи муҳити бархати муштарак фароҳам меоварад .