Истиқбол аз маҳсӯлоти петрошимии Эрон дар бозори Русия
Маҳсӯлоти петрошими(еафту кимиё)и Эрон бо сифатии қобили рақобат бо намунаҳои аврупоӣ ва низ қимати муносиб дар ҳоли афзоиши саҳми худ дар бозори судовари Русия аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хурӯҷи ширкатҳои аврупоӣ аз бозори маҳсӯлоти петрошимии Русия фурсате дар ихтиёри ширкатҳои эронӣ қарор дода, то битавонанд маҳсӯлоти худро равонаи бозори Русия кунанд .
Бисту панҷумин Намоишгоҳи байналмилалии петрошимӣ ва саноеъи вобаста дар Русия мавсум ба « Руспласст », маҳалле барои арзаи маҳсӯлоти бокайфияти Эрон аст .
Дар маҷмӯъ 8 ширкати эронӣ ҳамроҳ бо 400 ширкат аз 16 кишвар маҳсӯлоти худро дар ин намоишгоҳ арза кардаанд .
Дар ҳамин ҳол музокироти фишурдае байни мудӣрони ширкатҳои Эрон ва русӣ заминаи инъиқоди қарордоди ҳамкориро фароҳам кардааст .
Хусрав Ҳасанбеков, намояндаи Созмони тавсеаи тиҷорати хориҷии Русия дар Эрон гуфт: Вақоеъи кунунӣ дар дунё Эрону Русияро ба ҳам наздик кардааст ва бояд таҳримҳои Амрикову Ғарб алайҳи Эрону Русияро ба фурсате барои таъмиқи ҳамкориҳо табдил кунем .
Ин мақоми русӣ афзуд Эрону Русия ахиран қарордодҳои муҳиммеро мунъақид кардаанд, ки ҳаҷми табодулоти иқтисодӣ дар ҳамаи заминаҳо бавижа дар ҳавзаи петрошимиро афзоиш хоҳад дод .
Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижаи равобити иқтисодӣ,низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико иштироки манофеи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст .