Январ 28, 2023 15:53 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи давлати Эрон : Рушди иқтисодии Эрон ба болои 5 дарсад расидааст

Сухангӯи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард : Рушди иқтисодии Эрон ба болои панҷ дарсад расидааст .

Алии Баҳодурии Ҷаҳрумӣ-сухангӯи давлати Эрон гуфт : Душманони қасамхӯрдаи низом дар 44 соли гузашта алайҳи мардуми Эрон ба анвоъи ҷанги расонаӣ ва таблиғӣ пардохта ва бидуни он ки аз дастовардҳои низом сухане ба миён оваранд, кучактарин нуқоти заъфи кишварро бо тамоми тавон борҳову борҳо бузург ҷилва дода ва ҳатто пешрафтҳоро зери суол бурданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳодурии Ҷаҳрумӣ афзуд : Имрӯз низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқоиса бо 44 соли гузашта ба пешрафтҳои азиму чашмгире дар ҳавзаҳои мухталифи пизишкӣ, омӯзиши ҳамагонӣ,низомӣ,дифоӣ, технология, нано, фанноварӣ ва илмӣ даст ёфтааст .
Баҳодурии Ҷаҳрумӣ хотирнишон кард : Яке аз муҳимтарин нукоте ки дар баёни дастовардҳои низом бо вуҷуди душманиҳои истикбори ҷаҳонӣ алайҳи миллати Эрон бояд ба он ишора кард ва ба дурустӣ пардохт ин аст, ки имрӯз мардуми Эрон бо тамоми фишорҳо рӯйи пои худ истода ва ба дастовардҳое таи 44 соли гузашта даст ёфта, ки ҳатто бо соири кишварҳои ҷаҳон қобили муқоиса нест .
Сухангӯи давлати Эрон ҳамчунин гуфт : Ҳаракати рӯ ба ҷилави низом ҳосили фарҳанги исор ва муқовимати мардуми Эрон аст .

 

Барчасп