Январ 29, 2023 10:58 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ: Равобити Теҳрон ва Боку таҳти таъсири суханони бадхоҳон қарор намегирад
    Раисӣ: Равобити Теҳрон ва Боку таҳти таъсири суханони бадхоҳон қарор намегирад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугуи телефони бо Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Давлатҳои Теҳрон ва Боку намегузоранд равобиташон таҳти таъсири суханони бадхоҳон қарор гирад.

Дар ҳамлаи рузи ҷумъа як фарди мусаллаҳ ба сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳрон масъули нигаҳбонии сафорат ҷон бохт ва ду муҳофизи дигар захми шуданд зориб дар нахустин изҳори назари худ далелҳои шахсиро иллати ин ҳамла унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сайид Иброҳими Раисӣ шомгоҳи шанбе дар гуфтугуи телефонӣ бо Илҳом Алиев, раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон маротиби таслияти давлат ва миллати Эрон бобати ҳодисаи сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Теҳронро ба вай иблоғ кард.

Раиси ҷумҳур бо ишора ба маъмурияти дастгоҳҳои зирабт барои пайгирии абъоди ин воқеъа бо миллат ва давлати Озарбойҷон ибрози ҳамдарди кард.

Раисӣ ҳамчунин бо баёни ин ки равобити дустона ва бародаронаи ду миллати Эрон ва Озарбойҷон бар пайвандҳои фарҳангӣ ва таърихӣ ногусастани бунён ниҳода шуда аст изҳор дошт: Давлатҳои Эрон ва Озарбойҷон иҷоза намедиҳанд равобити байни ҳамдигар таҳти таъсири суханони бадхоҳони ду миллат қарор гирад.

Илҳом Алиев, раиси Ҷумуҳрии Озарбойҷон низ дар ин гуфтугуи телефонӣ бо ташакур аз ибрози ҳамдарди ва таслияти Раисӣ ба давлат ва мардуми кишвараш ва ҳамчунин ғайримунтазира хондани ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон гуфт ҳамкории ду кишвар дар ин замина бояд чунон бошад, ки касе ба баҳонаи чунин ҳодисаҳое фурсати халал дар равобити дустонаи ду кишварро пайдо накунад.

Барчасп