Декабр 14, 2016 17:57 Asia/Dushanbe
  • Музокираи Русия барои фурӯши ҳавопаймои Суперҷет ба Эрон

Вазири энержии Русия аз музокира барои фурӯши ҳавопаймои Суперҷет ба Эрон хабар дод.

Александр Новак вазири энержии Русия асри рӯзи сешанбе дар ҳамоиши тиҷории Эрон ва Русия бо ишора ба музокира бо Эрон барои фурӯши ҳавопаймои Суперҷет гуфт: 10 бонки бузурги эронӣ ва русӣ низ ҳамкорӣ бо якдигарро оғоз карда ва тиме барои пайгирии ин мавзӯъ дар назар гирифта шудааст.

Новак афзуд: Мувофиқатномаи сармоягузории Эрон ва Русия байни вазоратҳои иқтисоди Эрон ва Русия ба имзо расидааст.

Вазири энежии Русия гуфт, вазорати дороии Русия ва Эрон барои ихтисос додани эътибори 2.5 миллиарддолларӣ дар ҳоли музокира ҳастанд то ин эътибор барои сохти неругоҳи атомии Бушеҳр, барқисозии роҳҳои оҳан дар Эрон ва пружаҳои дигар имзо шавад.

 

Барчасп