Январ 30, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Дурнамои пешрафти Эрон бисёр равшантар аз пешбиниҳои кунуни аст
    Раҳбари муаззами инқилоб: Дурнамои пешрафти Эрон бисёр равшантар аз пешбиниҳои кунуни аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори садҳотан аз тавлидкунандагон, корофаринон ва фаъолони арсаҳои донишбунён ояндаи миллат ва дурнамои пешрафти Эронро бисёр равшантар аз пешбиниҳои кунуни унвон карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии  дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рузи душанбе дар ин дидор бо ибрози хурсанди аз руҳия, нигоҳи умедворона ва фаъолиятҳои малмуси фаъолони арсаи тавлид ва корофаринии Эрон гуфтанд истеъдод ва зарфияти рушди кишвар ба манобеъи Худододи, мавқеъияти ҷуғрофиёӣ ва байналмиалӣ ва сиёсӣ ва ба хусус неруи инсонӣ бисёр боло ва дар арсаҳое истисноӣ аст ва ба ҳамин иллат ояндаи миллат ва дурнамои пешрафти Эрон бисёр равшантар аз пешбиниҳои кунуни аст.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ояндаи равшани Эронро ниёзманди рушди сариъ ва мустамари иқтисодӣ хонданд ва бо ишора ба авлавияти пешрафти иқтисодӣ тавом бо адолат дар барномаи ҳафтуми тавсеъа ба табйини далоил ва илозомоти рушди иқтисодӣ пардохтанд ва таъкид карданд ҳалли мушкилоти маҳсуси маъишати ва душвориҳои зиндагии хонаводаҳо рушди иқтисодиро комилан зарури карда аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ номгузории соли ҷори ба номи соли тавлид, донишбунён, иштиғолофаринро то ҳудуди ноши аз дидори соли гузашта бо фаъолони иқтисоди хонданду афзуданд намоишгоҳе, ки ду руз қабл боздид шуд нишон медод корҳои нисбатан хуби дар заминаи шиъори сол анҷом шуд зимни ин ки суханони фаъолони иқтисодӣ дар ин дидор дар бораи пешрафти иқтисодии кишвар умедҳо ва навидҳои хубе медиҳад ва шохисаҳои расмии нимаи аввали соли 1401 ҳам умдатан нишондиҳандаи ҳаракат ва рушд аст.

Раҳбари муаззами инқилоб мувафақиятҳои имрузро дар бисёри аз бахшҳо, ноши аз оғози наҳзати илмӣ дар ҳудуди понздаҳ соли қабл донистанд ва таъкид карданд ҷавонони донишманд бояд аз хутути муқадами илми ҷаҳони ҳам бигзаранд ва таҳаққуқи ин орзуро заминасози кунанд, ки панҷоҳсол баъд агар касе хост аз тозаҳои илм бо хабар шавад маҷбур бошад забони форси ёб бигирад.

Барчасп