Канъонӣ: Муддаъиёни олмонӣ ба ҷинояти саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтари таваҷуҳ кунанд
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар посух ба такрори мавозеъи мудохилаҷуёнаи Садри аъзами Олмон дар бораи Ҷумҳурии Исломӣ гуфт муддаъиёни олмонӣ ба ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар Каронаи Бохтари рудуи Урдун таваҷуҳ кунанд.
Олаф Шолтс, Садри аъзами Олмон дар сафар ба Аргентина бедуни ишора ба ҷиноятҳои ҷадиди режими саҳюнистӣ зидди мардуми Фаластин дар Ҷанин изҳороти мудохилаҷуёнаро зидди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон матраҳ кард.
Каронаи Бохтари руди Урдун 26 январи соли 2023 шоҳиди юриши режими саҳюнистӣ ба шаҳри Ҷанин ва ҷиноятофаринии ҷадиди буд, ки дар ҷараёни он 12 шаҳрванди фаластинӣ шаҳид ва дастикам 20 нафари дигар низ захми шуданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъони, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон муддаъиёни олмониро ба таваҷуҳ ба ҷиноятҳои ваҳшиёнаи чанд рузи пеши саҳюнистҳо дар Ҷанин фарохонд, ки мақомоти Олмон ҳатто аз баёни як калима дар тақбиҳи ваҳшигарии режими саҳюнистӣ дареғ карданд.
Канъонӣ гуфт Садри аъзами Олмон дар як шабеҳсозии ношиёна ва муғризона бори дигар нишон дод, ки ҳамчунон дар тарафи иштибоҳоти таърихӣ истода аст.
Сухангуи дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон афзуд ончи ба дуруси ҳикоят аз як шабоҳати таърихӣ дорад баромадани ифротигари ва ҷоҳталабии мадерн дар Олмон аст, ки натиҷаи он ҳамонанди нокомиҳои раҳбарони пеш аз ҷанги ҷаҳонии дувум ва ин бор бо тамасук ба абзорҳои ҳуқуқи башари чизе ҷуз густариши хушунат ва нифратпарокани нест.
Канъонӣ хотирнишон кард имруз мутаасифона мушоҳида мешавад, ки бархе бо рафторҳои мушобеҳ ва албата маҳкум ба шикаст дарсадад ҳастанд то барои ироаи тасвири мусбат аз худ аз тарҳи қудрат аз тариқи ҳуқуқи башар истифода карда ва ҳтто худро дар ин робита сардамдор ва пегом ҷилва диҳанд.