Январ 31, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • 145 кишвар мизбони колоҳои эронӣ, Чин- бузургтарин муштарӣ

Гумруки Эрон эълом кард беш аз 43 миллиард доллар анвоъи колоҳои ғайринафтӣ ба 145 кишвар содир шудааст, ки Чин бо саҳми ҳудуди 28 дарсад бузургтарин муштарӣ ва харидори ин маҳсулот ба шумор меравад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси охирин омори мунташиршудаи гумруки Эрон то аввали январи имсол беш аз 97 миллиону 834 ҳазор тон анвоъи маҳсӯлоти мухталифи Эронӣ ба 145 кишвари ҷаҳон содир шудааст, ки ба беш аз 43 миллиарду 87 миллион доллар мерасад.
Ин омор аз назари вазнӣ 2.86 дарсад ва аз назари арзиши долларӣ 19.06 дарсад нисбат ба ҳамин бозаи замонӣ дар соли гузашта рушд доштааст .
Гарчи колоҳои ғайринафтии Эрон ба 145 мақсади содиротӣ рафтаанд, аммо беш аз 86 дарсади ин маҳсӯлот ба 10 кишвари Чин, Ироқ, Туркия,Амороти муттаҳидаи арабӣ,Ҳинд, Афғонистон, Покистон, Аммон, Индонезия ва Русия содир шудааст .
Албата гарчи ин таркиб тағйири чандоне нисбат ба моҳи гузашта надоштааст, аммо Афғонистону Покистон ҳамвора яке аз муштариёни аслии колоҳои эронӣ дар солҳои ахир буданд, ки ҷои худро бо рутбаҳои поинтаре иваз кардаанд .
Уммон, Индонезия ва федерасиюни Русия низ ба тартиб бо беш аз 868 миллион доллар, 647 миллион доллар ва 562 миллион доллар харид аз бозори содиротии колоҳои эронӣ рутбаҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳумро ба худ ихтисос додаанд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп