Тафсир- Иттисоли паёмрасонҳои бонкии Эрон ва Русия
Тафоҳумномаи ҳамкории Эрону Русия бо мавзӯи иттисоли паёмрасонҳои молии ду кишвар бо ҳузури муовини Бонки марказии Русия ва муовини байналмилали Бонки марказии Эрон ба имзо расид ва дар ин ростои табодулоти молӣ ва бонкии ду кишвар ва 13 кишвар дигар, ки дар Русия ҳузур доранд, тасҳил шуд.
Сомонаи паёмрасонии молии электронии (Спам) ба манзури электронӣ кардани муровидоти бонкӣ ва эҷоди зерсохти якпорчаи хизматрасонӣ миёни Эрон ва Русия роҳандозӣ шудааст.
Бо истифода аз Спам имкони иттисол ба бонкҳои хориҷӣ дар хориҷ аз Эронро метавон ба гунае барқарор кард, ки бидуни ба коргирии имконоти муассисаи Свифт ва нигарониҳои марбут ба он, таомулоти молӣ бо охирин фанновариҳои мавҷуд сурат гирад.
Дар ҳоли ҳозир шабакаи паёмрасонии Эрону Русия ба якдигар муттасил шуда ва ҳамаи бонкҳои ду кишвар низ метавонанд ба якдигар муттасил шаванд ва барои шуру, як бонк аз Эрону бонки дигаре аз кишвари Русия интихоб шуданд, ки нахустин паёмро табодул кунанд. Илова бар ин, тайи рӯзҳои оянда низ ки ҳайати фаннии Бонки марказии Русия дар Эрон ҳастанд, заминасозе барои иртиботу ирсоли ҳамаи паёмҳо миёни бонкҳои ду кишвар фароҳам мешавад.
Муҳсини Каримӣ, муовини умури байналмилали Бонки марказӣ дар маросими имзои тафоҳумномаи Эрон ва Русия бо мавзӯи иттисоли паёмрасонҳои молии ду кишвар, изҳор кард, аз яксоли гузашта санади иқдомоти муштараки Эрону Русия ба имзои тарафайн расид ва ин тафоҳумномаи аввалин иқдом буд, ки амалиётӣ шуд. Аз ин ба баъд паёмрасонҳои молии ҳамаи бонкҳои Эрону ҳамаи бонкҳои Русия ба якдигар муттасил шуданд.
Муовини байналмилалии Бонки марказӣ гуфт, бо иттисоли сомонаҳои паёмрасони миллии бонкҳои Эрону Русия, 700 бонки русӣ метавонанд бо бонкҳои эронӣ табодули паёми молӣ дошта бошанд, ҳамчунин 106 бонки ғайри русӣ аз 13 кишвари дигар ҳам ба ин сомона муттасил шуда ва метавонанд бо бонкҳои кишвар табодулоти молӣ дошта бошанд.
Гридчин Владислав, намояндаи Бонки марказии Русия мегуяд, бузургтарин мазияти ин тафоҳумнома ин аст, ки таҳримҳои ғарбӣ наметавонад рӯи он асар бигузорад ва созмонҳои молии мо пас аз имзои ин тафоҳумнома ба сурати густардатаре бо соири ниҳодҳо ва созмонҳои молии Эрон дар иртибот хоҳанд буд. Ин тафоҳумномаи марбут ба паёмрасонҳои молӣ ва нақлу интиқолоти вуҷуҳ аст, ки бисёр ба тоҷирони ду кишвар кумак хоҳад кард.
Иттисоли бонкӣ байни Эрон ва Русия гоми дигаре дар ростои тасҳил ва афзоиши таомулоти молӣ ва тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин даҳа аст, ки таҳти шадидтарин таҳримҳои Ғарб ба хусус Амрико буда ва бавижа пас аз хуруҷи Амрико аз БарҶом дар майи 2018 ва оғози корзори фишори ҳаддиаксарӣ аз дастрасӣ ба шабакаи Свифт маҳрум шуд. Свифт, ки беш аз 11 ҳазор муассисаи молӣ ва бонкӣ дар беш аз 200 кишвари ҷаҳонро бо ҳадафи тасҳил ва тасреъи пардохтҳои байналмилалӣ ба ҳам паёваст карда, дар марти 2012 низ ҳамзамон бо ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон ҳамкории худро бо бисёре аз бонкҳои Эрон мутаваққиф карда буд, таваққуфе, ки то соли 2016 идома дошт.
Русия низ пас аз соли 2014 ва шаклгирӣ буҳрони Украина ва фишорҳои таҳримии Ғарб бавижа пас аз оғози ҷанги Украин ва эъмоли таҳримҳои густарда аз ҷониби блоки Ғарб, дастрасии бисёр андаке ба шабакаи Свифт дорад. Ин амр муҷиб шуда то русҳо ба дунболи эҷоди шабакаи мустақили таомулоти байни бонкӣ рафта ва шабакаи иртибототи байни бонкии мустақилеро эҷод намоянд. Русия механизм пардохти худро ба номи системаи интиқоли паёми молӣ (SPFS) эҷод карда, ки амалкард мушобеҳе дораду имкони интиқоли паёмҳоро дар қолаби Свифт медиҳад ва тавасути Бонки марказии Русия аз соли 2014 тавсеа ёфтааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши рӯзафзуни сатҳ ва густараи равобити Эрону Русия акнун дар гоме таъсигузор ва бисёр муҳим имкони иттисоли шабакаи бонкӣ байни дукишвар муяссар шудааст.
Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав пеш аз ин яъне дар авохири марти 2022 тасреҳ карда буд, ки Русия ва Эрон ба унвони ду кишвари таҳрим шуда талошҳои худро бар давр задани Свифт бо як системаи паёмрасони байни бонкӣ ҷойгузин мутамарказ кардаанд.
Бад-ин тартиб интизор меравад, бо бакоргирии сомонаи паёмрасони молии электронӣ (Спам) бонкҳои эронӣ зимни иттисолу анҷоми таомулоти молӣ бо бонкҳои Русия хоҳанд тавонист бо шумори қобили таваҷҷӯҳе аз дигар бонкҳои кишварҳои мухталиф иттисоли молӣ пайдо кунанд ва ин амр дар тасҳили умури бонкӣ ва молии байналмилалии Эрон таъсири қобили таваҷҷуҳе хоҳад гузошт.
Бештар бихонед: