Афғонҳо бештарин туристҳои саломат дар шаҳри Машҳади Эрон, тоҷикҳодар радаи ҳафтум
(last modified Wed, 01 Feb 2023 15:43:25 GMT )
Феврал 01, 2023 20:43 Asia/Dushanbe
  • Афғонҳо бештарин туристҳои саломат дар шаҳри Машҳади Эрон, тоҷикҳодар радаи ҳафтум
    Афғонҳо бештарин туристҳои саломат дар шаҳри Машҳади Эрон, тоҷикҳодар радаи ҳафтум

Мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад воқеъ дар шимоли шарқи Эрон гуфт: Кишварҳои Афғонистон бо 19 ҳазор нафар, Ироқ бо 18 ҳазор нафар, Баҳрайн, Туркманистон, Кувайт, Умон, Тоҷикистон ва Покистон бештарин муроҷиъаро ба Машҳад доштанд.

Довуди Хушшикан дар нишасти хабари дастовардҳои муъовинати дармони донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт: Теъдоди гардишгарони саломати Машҳад бо таваҷуҳ ба зарфиятҳои мавҷуд бисёр кам аст.

Мудири гардишгарии саломати донишгоҳи улумпизишкии Машҳад гуфт: Парвози мустақим аз Масқат ба Машҳад рафтубаргашт ва ҳамчунин парвози Душанбе ба Машҳад фурсати хуби дар заминаи гардишгарии саломати Машҳад аст. Иртиботи мусақим бо кишварҳои ҳадаф ва ҷазби беморони ҳамсояро дар барнома дорем, ки дар бахши аввал бо 15 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон, Қирғизистон, Умон, Баҳрайн, Ироқ, Сурия ва Туркия то 4 соли дигар бо 110 кишвар хоҳад буд.