Эрон ва Никарагуа ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва мушовиратҳои сиёсӣ имзо карданд
-
Эрон ва Никарагуа ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ва мушовиратҳои сиёсӣ имзо карданд
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Никарагуа ёддошти тафоҳуми ҳамкори ва машвартҳои сиёсӣ имзо карданд.
Ба гузориши Садои Хуросон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Эрон дар маросими ёддошти тафоҳуми ҳамкори ва машваратҳои сиёсӣ бо Никарагуа, ки бо ҳузӯри Денис Монкада вазири умури хориҷаи ин кишвар дар маҳали Вазорати умри хориҷаи Никарагуа имзо шуд, гуфт, ки нигоҳ ба Амрикои Лотин ва густариши равобит бо ин минтақаи дуктурин сиёсати хориҷаи Эрон аст. Амир Абдуллоҳиён тасреҳ кард, пештар санади ҳамкориҳои Эрон ва Никарагуа имзо шуд ва тафоҳумномаи мушовира ва ҳамкории сиёсӣ миёни дукишвар низ ба имзо расид. Вазирии умри хориҷаи Никарагуа низ гуфт: Барои иртиқои равоти Никарагуа бо Эрон масири хубе тай шудааст ва имзои ёддошти тафоҳуми мушовира ва ҳамкории сиёсӣ аз роҳои тақвияти ҳамкориҳо аст. Вазири умури хориҷаи Никарагуа таъкид кард, аз тариқи ёддошти тафоҳуми ҳамкории Никарагуа ва Эрон роҳҳои созандаро роҳандозӣ мекунанд ва дар хусуи ҷаласоти корӣ дар ҳавзаи ҳамкори гуфтугӯ ва мушовира мекунанд.