Паёми таслияти Раҳбари инқилоб дар пайи даргузашти ҳуҷҷатулислом, ҳоҷӣ, шайх Ғуломризо Асадӣ
Раҳбари инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти рӯҳонии муҷоҳиду содиқ, ҳуҷҷатилислом, ҳоҷӣ, шайх Ғуломризо Асадиро таслият гуфтанд .
Матни паёми раҳбари инқилоб ба ин шарҳ аст :
Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим
Даргузашти рӯҳонии муҷоҳиду содиқ, ҷаноби ҳуҷҷатилислом,марҳӯм,оқои ҳоҷӣ шайх Ғуломризо Асадӣ раҳматуллоҳи алайҳро ба хонадони муҳтарам ва фарзандони муккарам ва дӯстону ҳамкорони ишон таслият арз мекунам . Ишон даврони ҷавонии худро дар мубориза бо режими ситамгари тоғут ва бақияи умрро дар хизмат ба низоми муқаддаси исломӣ сарф кард . Аз Худованд улувви дараҷоти вайро масъалат мекунам .
Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин ҳоҷӣ,шайх Ғуломризо Асадӣ аз рӯҳониюни мубориз, муҷоҳиду хастагинопазири инқилоби исломӣ дар Машҳад буд, ки ҳамвора дар канори Раҳбари муаззами инқилоб ҳузур дошт . Ин рӯҳонии сариҳ, содиқ ва ҳофизи Наҳҷулбалоға дар мавозиъи баҳаққи инқилобӣ аз ҷумлаи пешгомони наҳзати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) буд ва дар тасбити низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломӣ нақши муассире дошт . Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Ғуломризо Асадӣ солҳо ба унвони ходимур-Ризо ( ъ ) дар ҳарами мутаҳҳари разавӣ фаъолият дошт ва аз рӯҳониюни инқилобӣ буд, ки қариб ба панҷ сол аз ҷавонии худро ба далели ҳамроҳӣ бо инқилобу Имом дар зиндонҳои ситамшоҳӣ сипарӣ кард ва таҳти шиканҷа қарор дошт. Ҳуҷҷатилисломи валмуслимин Асадӣ 12 баҳмани 1401 ҳамзамон бо солрӯзи вуруди ҳазрати Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ба меҳани исломӣ ва оғози даҳаи Фаҷр дар Машҳади муқаддас дори фониро видоъ гуфт.