Милоди ҳазрати Алӣ (а) хуҷаста бод
Шанбеи сездаҳуми моҳи раҷаби соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо бо 15 баҳмани 1401, солрӯзи милоди ҳазрати Алӣ (а) аст.
Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (а) дар сездаҳуми моҳи раҷаб мутаваллид шуд дар ҳоле, ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима бинти Асад, шикофт ва он бонӯи бузургвор барои таваллуди фарзандаш вориди хонаи Каъба шуд.
Ҳазрати Алӣ (а) аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ назди Расули гиромии Ислом (с) парвариш ёфтанд.
Эшон дар ҳамаи мароҳили таблиғу тарвиҷи дини мубини Ислом, аслитарин ёри Набии Акрам (с) башумор мерафтанд.
Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (а), рӯзи падар номгузорӣ шудааст ва мардуми муъмину худоҷӯи Эрони исломӣ илова бар ҳузур дар маконҳои муқаддас ва баргузории ҷашнҳои мухталиф, дар шабу рӯзи солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ (а), ба падарони худ, адоӣ эҳтиром мекунанд.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фарорсидани солрӯзи вилодати ҳазрати имом Алӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.