Густариши ҳамкории расонаии Эрон ва Русия
Муовини умури матбуотии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон аз эҷоди осонӣ барои расонаҳои эронӣ ва русӣ бар асоси тафоҳумномаи ҷадид хабар дод .
Эрону Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вижаи равобити иқтисодӣ,низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалии ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико, иштироки манофеи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фаршоди Меҳдипур-муовини умӯри матбӯотии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон дар ҳошияи имзои тафоҳумномаи ҳамкориҳои расонаии Эрон ва Русия гуфт:Ин тафоҳумнома дар заминаи расона ба имзо расида ва бо тавваҷуҳ ба фаъолияти намояндагиҳои Русия дар Эрон ва намояндагиҳои Эрон дар Русия талош мешавад ин иртиботот байни ду кишвар осон шавад .
Меҳдипур афзуд осонии судури раводид барои хабарнигорон,эҷоди имконот барои гуруҳҳои расонаӣ ки аз Русия вориди Эрон мешаванд ё гуруҳҳои расонае, ки аз Эрон ба Русия мераванд аз бандҳои ин тафоҳумнома аст .
Муовини умӯри матбӯотии вазири фарҳангу иршоди исломии Эрон табодулот дар ҳавзаҳои муҳтавоиро мавриди тавваҷуҳ қарор дод ва бо ишора ба ҳаҷми болои тавлидоти расонаӣ ва ҳунарӣ ба вижа дар заминаи филм, мустанад, мактуб ва расонаҳои дидорӣ ва шунидорӣ тасреҳ кард,ки тарҷумаи ин тавлидот ба забони русӣ ва ҳамчунин тарҷумаи осори русӣ ба форсӣ ва наздик кардани ду кишвар аз тариқи муҳтавои хабарӣ ва ғайрихабарӣ мавзӯе аст, ки иродаи ду кишвар бар ин меҳвар қарор гирифтааст.