Феврал 08, 2023 15:01 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми 6 тими имдодӣ ва дармонӣ ба Туркия
    Эъзоми 6 тими имдодӣ ва дармонӣ ба Туркия

Муъовини байналмиллалии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар гуфт: 6 тими имдодӣ ва дармонӣ ба Туркия эъзом шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, корҳои эъзомии тимҳои имдодӣ ва дармонӣ дар кӯтоҳтарин замони мумкин, барои ҳузӯр дар манотиқи залзилазада, бо Вазорати умури хориҷа дар ҳоли анҷом аст.

Сартиб Юсуфӣ фармондеҳи пойгоҳи ҳавоии шаҳид Факурии Табрез гуфт: Рӯзи сешанбе корвони 50 нафараи нерӯҳои имдодӣ ва наҷоту дармони изтирорӣ бо таҷҳизоти  бемористонӣ ва имдодит аввалия ба Туркия эъзом шуданд.

Амир Юсуфӣ афзӯд: Ба ҳамроҳи ин корвон ҳамчунин ҳашт тонн  маҳмулаи ақломи доруӣ,  кӯмакҳои аввалия ва зистӣ ба манотиқи зилзилазадаи Туркия ирсол шуд.

 

Барчасп