Таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба мардуми зилзилазадаи Туркияву Сурия
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо ибрози таассуф аз вуқуъи зилзилаи маҳиб дар Туркияву Сурия барои даргузаштагон талаби раҳмат ва барои соҳибазоҳо талаби сабр карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар дидори фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба вуқуъи зилзилаи маҳиб дар Туркияву Сурия барои мусибатзадагон ибрози таассуф ва аз Худованди мутаъол барои даргузаштагони талаби раҳмат ва барои соҳибазоҳо талаби сабр карданд . Зилзилае ба қудрати 7.8 Рихтер бомдоди душанбе ( шашуми феврал ) ҷануби Туркияву шимоли Сурияро ларзонд . Гузориши мақомоти Туркия ва Сурия нишон медиҳад, ки шумори қурбониёни заминларза дар ин ду кишвар ба 9 ҳазору 830 нафар расидаву пешбиниҳо ҳокӣ аз он аст,ки шумори кушташудагон дар рӯзҳои оянда афзоиш ёбад .