Феврал 09, 2023 10:28 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Козимии Қумӣ бар кумаки эҷоди субот ва амният дар Афғонистон
    Таъкиди Козимии Қумӣ бар кумаки эҷоди субот ва амният дар Афғонистон

Сафир ва намояндаи вижаи раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Афғонистон бар кумаки ҳамаҷониба ба эҷоди субот, амният ва созандагии Афғонистон таъкид кард.

Панҷумин нишасти гуфтугӯи амниятии минтақаӣ бо ҳузӯри дабирон ва муҳшовирони амнияти миллии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон шомили Русия, Эрон, Ҳинд, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон, рӯзи чаҳоршанбе дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ҳусайн Козимии Қумӣ сафир ва намояндаи вижаи раиси Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Афғонистон дар ҳошияи ин нишаст бо ишора ба сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико дар Афғонистон ва тадовуми ноамнӣ ва бе суботсозӣ дар ин кишвар гуфт: Бояд бо масъалаи ДОИШ ба унвони яке аз абзорҳои бе суботӣ ва ноамнӣ, ки худ хостаи Амрикоиҳост, муқобила кунем.

Козимии Қумӣ бо баёни ин, ки Амрикоиҳо дунболи эҷоди ҷангҳои тоифаӣ ва қавмӣ ҳастанд, тасреҳ кард: Ҳама бояд ба эҷоди субот, амният ва созандагии Афғонистон кумак кунем ва бо падидаи терроризм аз ҷумла ДОИШ  ба сурати даста ҷамъӣ муқобила кунем.

Бештар бихонед:

Барчасп