Феврал 09, 2023 22:11 Asia/Dushanbe
  • Шикасти навҷавонони Эрон муқобили Тоҷикистон дар турнаменти ҳаштҷонибаи Беларус

Дидори тимҳои миллии футболи зери 17 соли Эрону Тоҷикистон дар сеюмин рӯзи мусобиқоти турнаменти ҳаштҷонибаи Беларус аз соъати 13 : 50 ба вақти маҳаллӣ дар Беларус оғоз шуд ва бо натиҷаи 3 бар як ба суди Тоҷикистон ба поён расид .

Дар ҳоле ки бозӣ дар нимаи аввал голе надошт, Тоҷикистон муваффақ шуд дар дақиқаи 56 нахустин голро рӯйи фирор дар умқу мавқеъияти як ба яки муҳоҷим бо дарвозабони Эрон ба самар бирасонад .
Ба гузориши Ховар, як дақиқаи баъд низ Касро Тоҳирӣ натиҷаро ҷуброн кард ва ду тим боз ҳам мусовӣ шуданд. Рӯйи иштибоҳи мудофеъи Эрон дар муҳавватаи ҷарима ва тубгирии муҳоҷимони ҳариф, голи дувуми тоҷикҳо вориди дарвозаи Эрон шуд .
Голи сеюми Тоҷикистон дар дақиқаи 74 рӯйи як ба яки муҳоҷими ҳариф бо дарвозабони Эрон ба самар расид.

 

Барчасп