Феврал 10, 2023 18:17 Asia/Dushanbe
  • Ҷоми ҷаҳонии хоккей, Эрон бо шикасти Белгия роҳии ниманиҳоӣ шуд

Тими миллии хоккейи Эрон ба марҳалаи ниманиҳоии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 2023 роҳ ёфт.

Дар оғози марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии хоккей, ки ба мизбонии кишвари Африқои Ҷанубӣ баргузор мешавад, имрӯз (ҷумъа) тими миллии Эрон ба масофи Белгия рафт ва пас аз тасовии 5 - 5 муваффақ шуд, ин ҳарифро дар заработи пеналтӣ 6 бар 3 шикаст бидиҳаду гом ба марҳалаи ниманиҳоӣ бигузорад.

Тими хоккейи Эрон дар марҳалаи ниманиҳоӣ субҳи фардо (шанбе) ба масофи барандаи ҷидоли тимҳои Аргентина ва Австрия хоҳад рафт.

Тими миллии Эрон дар марҳалаи гуруҳӣ бо 2 бурд , 2 тасовӣ ва як шикаст, ки муқобили Аргентина рақам хӯрд, бо 8 имтиёз пас аз Амрикои 12 имтиёзӣ дар раддаи дувум истода буд.

 

Барчасп