Феврал 10, 2023 19:06 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба давлат ва мардуми Русия таслият гуфт

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон кушта шудани теъдоде аз шаҳрвандони Русия дар ҳодисаи инфиҷори газ дар як муҷтамаи маскунӣ дар шаҳри Новосибирскро ба давлат ва мардуми Русия таслият гуфт.

Носири Канъонӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои кушташудагон, барои маҷрӯҳону осебдидагони ин ҳодиса шифои оҷил масъалат кард.

Инфиҷори газ дар як бинои маскӯнии панҷтабақа дар Новосибирски Русия, 12 кушта ва 9 нафар захмӣ барҷо гузошт.

 

Барчасп