Даъвати мароҷеи тақлид аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман
(last modified Fri, 10 Feb 2023 14:33:03 GMT )
Феврал 10, 2023 19:33 Asia/Dushanbe
  • Даъвати мароҷеи тақлид аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман

Шуморе аз мароҷеи изоми тақлид, аз мардуми Эрон даъват карданд то бори дигар бо ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман, инсиҷоми миллии худро дар баробари душманони кишвар ба намоиш бигузоранд.

Фардо (шанбе) 11 феврали 2023 чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон аст.

Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 (22 баҳмани 1357) ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон ба пирӯзӣ расид.

Оятуллоҳ Носир Макорими Шерозӣ, аз мароҷеи тақлид бо даъват аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман гуфт, мардуми Эрон бо ҳузури пуршӯр, дар роҳпаймоии 22 баҳман садояшонро ба гӯши ҷаҳонён бирасонанд, ки таъсири бисёр муҳимме дар тазалзули рӯҳияи душманон ва расвоии онон дорад.

Оятуллоҳ Ҳусайн Нурии Ҳамадонӣ, дигар марҷаи тақлид низ дар паёме ба муносибати 22 баҳману солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ эълом кард, бидуни шак ҳузури мардум дар роҳпаймоии 22 баҳмани имсол мӯҷиби ноумедии душманони ислом ва Эрон хоҳад буд ва ваҳдату ҳамдилии беш аз пешро ба намоиш хоҳад гузошт.

Ин марҷаи тақлид афзуд, Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ва муҷоҳидатҳои уламои бузургу ҳузури ҳамосии ҳамаи гуруҳҳои ҷомеъа басамар расид ва тавонист нуфӯзи низоми султаро дар ин кишвар аз байн бибарад.

Ҳамчунин оятуллоҳ Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва оятуллоҳ Нурии Ҳамадонӣ аз мароҷеи тақлид дар паёме ба муносибати солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, аз ҳамаи мардуми Эрони исломӣ барои ҳузур дар роҳпаймоии 22 баҳман даъват ва ибрози умедворӣ кард то ҳамагон бо ҳамбастагӣ дар роҳпаймоии пирӯзии инқилоби исломӣ ширкат кунанд.