Раисӣ дар ҷамъи роҳпаймоён : Душман пешрафти Эронро барнаметобад
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба дастовардҳои кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи илмӣ, фанноварӣ, иқтисодӣ, дифоӣ, саломат ва пизишкӣ гуфт:Душман пешрафти Эронро барнаметобад .
Ба гузориши хабаргузории Форс,Саидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи роҳпаймоёни чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар майдони Озодии Теҳрон изҳор кард:Имрӯз Эрони исломӣ ба рағми таҳдидҳову таҳримҳо аз рушди сармояи собит, рушди сармоягузорӣ ҷв рушди иқтисодӣ ва рушд дар дигари шохисаҳо бархурдораст .
Раисӣ афзуд душманон вақте диданд Эрон дар ҳамаи арсаҳо рӯ ба пешрафт аст ва мутаваққиф нашуда даст ба тавтеъаи дигаре заданд ва тасаввур карданд метавонанд кишварро бо ошӯбу иғтишош мутаваққиф кунанд, аммо боз ҳам шикаст хӯрданд .
Раисӣ бо баёни инки имрӯз-рӯзи ҷилваи инсиҷоми миллӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ва ҳузури ҳамосаи фарёд аст, таъкид кард: Касоне ки дар иғтишошоти ахир фиреби душманро хӯрданд, бидонанд оғӯши миллати Эрон барои пазириши онҳо боз аст ва давлати сездаҳум нигоҳи падаронаи Раҳбари муаззами инқилоби исломиро дар давлату дастгоҳҳои идорӣ дунбол хоҳад кард .
Раиси қувваи муҷрияи Эрон бо таъкид бар инки мардуми Эрон фаҳмидаанд, ки масъалаи душман, зан, озодӣ,зиндагӣ ва ҳуқуқи башар набудааст, тасреҳ кард:Душман ба дунболи гирифтани истиқлоли миллати Эрон,салби озодӣ ва зиндагӣ аст ва миллати Эрон хуб медонанд, ки онҳо ба мардуми Афғонистон, Ироқ, Лубнон, Сурия зиндагӣ надодаанд, ки бихоҳанд ба эрониён зиндагӣ бидиҳанд .