Феврал 11, 2023 15:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷилваҳои вижа аз роҳпаймоии 22 баҳмани мардуми Эрони исломӣ

Миллионҳо нафар аз мардуми Эрон аз пиру ҷавон гирифта то зану мард дар ҷашни пуршукӯҳи Инқилоби исломӣ ҳузури ҳамосӣ доштанд .

Имрӯз ( шанбе ) 22 баҳмани 1401 мусодиф бо 11 феврали 2023 чиҳилу чаҳорумин солгарди пирӯзии Инқилоби исломии Эрон аст .
Ба гузориши Эронпресс, донишомӯзону навҷавонони эронӣ, ки дар кишвар ба даҳаи ҳафтодиҳову даҳаи ҳаштодиҳо машҳур ҳастанд, дар маросими роҳпаймоии имрӯзи Эрон ҳузури пуршуре доштанд .
Афроди куҳансоле ҳам бо вуҷуди пирӣ дар канори ҷонбозони сарафрози Эрони исломӣ бо асоу вилчер дар роҳпаймоии 22 баҳман ширкат кардаанд, то бори дигар ба душманон собит кунанд пои инқилоби исломӣ истодаанд.
Бисёре аз масъӯлону чеҳраҳои сиёсӣ, лашкарӣ, кишварӣ, варзишӣ ва ҳунарии Эрон ҳам дар маросими роҳпаймои 22 баҳман ширкат карданд.
Ақшори мухталифи мардуми Эрон иборат аз курд, балӯч, озарӣ, араб, шиъа, суннӣ ва ғайра низ бо дар даст доштани парчами серанги Эрон дар роҳпаймои 22 баҳман ширкат карданд, то бори дигар иттиҳоди худро ба рухи душманони инқилоби исломӣ бикашонанд.
Дар рӯстои Бардиён Чароми Куҳкилӯя ва Буераҳмад дар ҷанубу ғарби Эрон низ мардуми ин рӯсто дар ибтикории ҷолиб бо савор шудан бар трактор ҷашни пирӯзии Инқилоби исломиро баргузор карданд .
Иҷрои сурӯд тавассути гуруҳҳои 1357 нафараи донишомӯзӣ дар тамоми марокизи устонҳои Эрон аз ҷумлаи барномаҳои роҳпаймои 22 баҳмани имсол буд .
Дар масири роҳпаймои 22 баҳмани Теҳрон низ мӯшакҳои болистики Сиҷҷил ва Имод, паҳподи Шоҳид 136, Крузи зидди шиновар, нафарбари тактикии Тӯфон, нафарбару худрави тактикии Раъд ва паҳподи Муҳоҷири 6 ба намоиш даромад .
Дар роҳпаймои имсоли 22 баҳмани мардуми Эрон парчами Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар дастони мардум ҳам ба чашм мехӯрд .
Аз дигар мавориди қобили тавваҷуҳ дар маросими роҳпаймои 22 баҳман иҷрои барномаҳои фарҳангӣ шомили сурӯду намоиш ва барпои ғурфаҳое бо меҳварияти намоиши дастовардҳои 44 солаи инқилоб буд .
Бузургтарин ҳамхонии сурӯди миллии Эрон низ имрӯзи соъати 11 22 дақиқа ( ба вақти Теҳрон ) дар саросари кишвар иҷро шуд .
Гуфтанӣ аст маросими роҳпаймои 22 баҳман дар 38 ҳазор рӯсто ва 1400 шаҳри Эрон аз соъати 9 субҳ ( ба вақти Теҳрон ) оғоз шуд ва 6 ҳазор нафар аз авомили расонаҳои эронӣ ва хориҷӣ ин роҳпаймоиро пӯшиш доданд .

 

Барчасп