Феврал 11, 2023 22:30 Asia/Dushanbe

Расонаҳои ҷаҳон ҷашни 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро бозтоб доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, расонаҳои ҷаҳон ҷашни 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломиро бозтоб доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо аз Маскав, шабакаи телевизиюонии «Русия 24», ки пурбинандатарин шабакаи хабарӣ дар Русия аст, зимни пахши зиндаи тасовири роҳпаймои миллионии Эрон, бахшҳое аз суханронии раисиҷумҳури Эронн дар майдони Озодиро низ пахш кард. Хабарнигори шабакаи «Русия 24» мустақар дар майдони Озодии Теҳрон, дар гуфтугӯи зинда бо бахшҳои хабарии ин шабака, ҳузури пуршӯри ақшори мухталифи Эрон дар роҳпаймоии имсолро маънодор унвон кард.

Хабаргузории русии «Спутник» низ лаҳза ба лаҳзаи ахбору тасовири роҳпаймои миллионии мардуми Теҳронро дар бахшҳои форсӣ, англисӣ ва русии худ пушиш дод. Хабаргузории Спутник ҳамчунин тасовире аз мӯшаки болистики Имод ва паҳподи Шоҳид 136 дар майдони Озодии Теҳронро мунташир кард ва навишт: Дар солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ, бахше аз тавонои низомии Эрон ба намоиш даромад.

Хабаргузории « РИА Новости» ҳам бо интишори тасовире аз роҳпаймоии мардуми Эрон навишт: Ба муносибати 44-умин солгарди Инқилоби исломӣ, ба унвони яке аз аслитарин аъёди миллӣ дар Эрон, маросими роҳпаймоӣ дар хиёбонҳои шаҳрҳои ин кишвар баргузор шуд.

Хабаргузории «ТАСС» низ ба ҳузури миллионии эрониён дар роҳпаймои солрӯзи пирӯзии Инқилоби исломӣ ишора кард ва дар таҳлиле муфассал дар бораи воқеаҳои ахири Эрон навишт: Эрониён барои хунсосозии ҷанги таркибӣ алайҳи кишварашон муттаҳид шуданд.

Бозтоби роҳпаймоии 44-умин солгарди пирӯзии инқилоб дар Систон ва Балӯчистон ва Курдистон роҳпаймоии имрӯзи мардуми устони Систон ва Балӯчистон дар 44-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ, дар шабакаи Ал Маёдин бозтоб дошт.

 

Барчасп