Феврал 14, 2023 10:05 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Эрон : 20 тафоҳумнома дар сафар ба Чин имзо мешавад

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон аз имзои 20 тафоҳумнома дар заминаҳои мухталиф миёни Теҳрону Пекин хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раисӣ афзуд : Чун Чину Эрон ҳар кадом дорои зарфиятҳои бисёре ҳастанд ва ба унвони ду кишвари мустақил манофеи муштараке дар минтақа ва ҷаҳон доранд, метавонанд иртибототи бештаре дошта бошанд .
Раисӣ ҳамчунин гуфт : Бояд ақибмондагие, ки то кунун дар иртибот бо Чин вуҷуд дошта ҷуброн кунем .
Раиси ҷумҳӯр таъкид кард : Барои ҷуброни ин ақибмондагӣ бояд зарфиятҳои ду кишвар ба вижа дар мавзӯи табодули тиҷорӣ ва иқтисодӣ ба шакли дақиқ шинохта шавад ва дар иродаи ду кишвар тавсеаву иртиқои сатҳи равобит дида мешавад .
Раисӣ гуфт : Дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ, энержӣ ва молӣ-пӯлӣ бо Чин иртибот дорем ва бар ин асос дар Пекин 20 тафоҳумнома ба имзои масъӯлону мақомоти олии ду кишвар мерасад.