Ҳафтумин ҳавопаймои кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба Сурия расид
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i98348-Ҳафтумин_ҳавопаймои_кумакҳои_инсондӯстонаи_Эрон_ба_Сурия_расид
Ҳафтумин ҳавопаймои кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба мардуми Сурия вориди фурудгоҳи Ҳалаб дар шимолу ғарби ин кишвар шуд .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 14, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳафтумин ҳавопаймои кумакҳои инсондӯстонаи Эрон ба Сурия расид

Ҳафтумин ҳавопаймои кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба мардуми Сурия вориди фурудгоҳи Ҳалаб дар шимолу ғарби ин кишвар шуд .

Салмон Наввоби Нурӣ-сарконсули Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҳалаб шомгоҳи душанбе дар гуфтугу бо ИРНА, бо баёни ин ки ин сеюмин маҳмӯла аз кумакҳои башардӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки бо ҳавопаймо вориди Ҳалаб шудааст, гуфт : Ин ҳавопаймо шомили 30 тон маводи ғизоӣ ва шири хушк мебошад, ки бар асоси ниёзи шадиди осебдидагон дар манотиқи зилзилазада тақсим хоҳад шуд .
Пеш аз ин низ ду маҳмӯлаи кумакҳои ҳавоии Ҷумҳурии исломии Эрон ба Димишқ, ду маҳмӯла ба Лозқия ва ду маҳмӯлаи дигар низ ба Ҳалаб ирсол шуда буд.