Феврал 14, 2023 09:43 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Нигоҳе ба равобити Эрону Чин дар остонаи сафари раисиҷумҳури Эрон ба Чин

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури исломии Эрон асри душанбе дар сафаре 3 рӯза дар ростои сиёсати хориҷии давлати сездаҳум мабнӣ бар рӯйкарди мутавозин дар иртибот бо шарқу ғарб ва имзои асноди муҳимми ҳамкории дуҷониба ба Чин рафт.

Раисӣ бо Си Ҷинпинг, раисиҷумҳури ин кишвар дар бораи масоили дуҷониба, минтақаӣ, байналмилалӣ, тавофуқот ва тафоҳумномаҳои дуҷониба гуфтугу кард. Албатта ин аввалин дидори раисони ҷумҳурии ду кишвар нест ва онҳо шаҳривари 1401 (сентябри 2022) низ дар ҳошияи иҷлоси Шанхай дар Самарқанд низ бо ҳам дидору  гуфту доштанд.

Раисӣ дар ин дидор гуфта буд, зарфиятҳои густардаи мавҷӯд дар заминаҳои нафту энержӣ, транзит, кишоварзӣ, тиҷорат ва сармоягузорӣ бистари бисёр муносибӣ барои таъмиқу тавсеаи равобити иқтисодӣ байни Эрон ва Чин аст. Раиси ҷумҳури Чин ҳам ба Раисӣ гуфта буд, "равобити Эрону Чини равобите роҳбурдист ва фориғ аз ҳар таҳаввули байналмилалӣ тавсеа хоҳад ёфт" ва аз узвияти Эрон дар БРИКС ҳимоят кард.

Чин акнӯн дуюмин иқтисоди бузурги ҷаҳон маҳсӯб мешаваду рушди фазояндаи ин кишвари осиёӣ дар чанд даҳаи ахир мавқеъияти мумтозе ба он дар арсаи минтақаӣ ва байналмилалӣ бахшидааст. Чин ба суръат мароҳили рушди иқтисодӣ ва санъатиро дар чанд даҳаи гузашта тай карда ва акнун мубаддил ба бузургтарин содиркунандаи ҷаҳон шудааст. Чиниҳо тавонистаанд дар арсаи фанновариҳои пешрафта монанди сойберӣ, фазоӣ ва низ арсаҳои мухталифи саноатӣ, сохтумонӣ ва кишоварзӣ ба пешрафтҳои шоёни таваҷҷӯҳе даст ёфта ва дар айни ҳол акнӯн Чин яке аз қудратҳои бузурги низомии ҷаҳон маҳсӯб мешавад, ки гомҳои бузурге дар заминаи тақвияти тавонмандии низомӣ ва сохти анвоъ таслеҳот бардошта ба наҳве, ки акнӯн аз пешгомон дар ин замина маҳсӯб мешавад.

Зимни инки тибқи пешбиниҳо кишвари Чин то соли 2030 табдил ба бузургтарин иқтисоди ҷаҳонӣ шуда ва бад-ин тартиб Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро пушти сар хоҳад гузошт. Тавлиди нохолиси дохилии Чин дар соли 2021 наздик ба 18 триллион доллар буд ва сол ба сол фосилаи худро бо Амрико камтар мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба узвияти доими Чин дар Шӯрои амнияти Созмони милал аз яксӯ ва ниҳодҳои минтақаӣ монанди Созмони Ҳамкории Шанхай ва ниҳодҳои байналмилалӣ монанди гуруҳи БРИКС, аҳамияти Пекин дар арсаи иқтисоду сиёсати ҷаҳонӣ ба наҳви рӯзафзӯн рӯба рушд аст. Аз сӯи дигар Чин ба ҳамроҳи Русия мухолифи низоми такқутбӣ ва тадовуми султаи Ғарб бар ҷаҳон бавижа якҷонибагароии Амрико буда ва хоҳони низоме чандқутбӣ бо меҳварияти нақши Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.

Бо таваҷҷуҳ ба мавозеъи муштараки Эрону Чин дар заминаи бисёре аз масоили ҷаҳонӣ монанди мухолифат бо таҳримҳои якҷонибаи Ғарбу Амрико, мавзеи муштарак дар заминаи тавофуқи ҳастаии Барҷом, мухолифат бо иқдомоти ҷангафрӯзонаи Амрико дар ҷаҳон ва низ манофеи муштараки Эрону Чин дар заминаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноатӣ, энержӣ ва бисёре аз дигар заминаҳо, арсаи густардае барои тавсеаи равобити ду кишвар бар мабнои манофеи мутақобил вуҷӯд дорад. Бо таваҷҷуҳ ба ин равобити Эрону Чин дар солҳои ахир раванди рушдеро тай карда ва дар ин росто инъиқоди барномаи ҳамкории ҷомеъи 25 сола аз нуқоти атфи равобити ду ҷониба маҳсӯб мешавад. Баёнияи муштараки «мушорикати ҷомеъи роҳбурдии Ҷумҳурии исломии Эрону Ҷумҳурии халқии Чин», ки пас аз сафари раисиҷумҳури Чин ба Теҳрон дар январи 2016 (баҳмани 1394) байни ду кишвар ба имзо расид, дар қолаби 20 мода, нақшаи роҳи густаришу таъмиқи ҳамкориҳои муштараки Теҳрон - Пекинро дар ҳавзаҳои сиёсӣ, ҳамкории иҷроӣ, инсонӣ ва фарҳангӣ, қазоӣ, амниятӣ – дифоӣ ва минтақаӣ ва байналмилалӣ мушаххас кардааст.

Дар банди аввали ин баёния омадааст: «тарафайн муътақиданд дар шароите, ки раванди чандқутбӣ шудани низоми байналмилалу ҷаҳонӣ шудани иқтисод густариши амиқе ёфта, муносиботи ду кишвари Эрону Чин аз аҳамияти стротежик бархӯрдор гардида ва якдигарро шарики роҳбурдии муҳими худ дониста ва тавсеаи равобити фимобайнро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор медиҳанд».

Акнун шароити байналмилалӣ бавижа афзоиши фишорҳои Амрико бар Чин ва низ сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Вашингтон дар ғарби Осиё, ва аз суи дигар ҳамгароии ҳарчӣ бештари ду кишвари Эрону Чин дар заминаи равобити ду ҷониба ва масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ зарурати афзоиши ройзаниҳо байни мақомоти ду кишвар ва низ афзоиши сатҳи равобиту ҳамкориҳоро пеш аз пеш зарурӣ сохтааст. Мусалламан сафари раисиҷумҳури Эрон ба Чин нуқтаи атфе дар ин замина маҳсӯб мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп