Тафсир- Равобити иқтисодии Эрон ва Чин дар масири таҳаввули ҷадид
(last modified Wed, 15 Feb 2023 06:09:40 GMT )
Феврал 15, 2023 11:09 Asia/Dushanbe
  • Тафсир- Равобити иқтисодии Эрон ва Чин дар масири таҳаввули ҷадид

Ҳамзамон бо сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Чин, нишасти муштараки бозаргонони ду кишвар дар Пекин баргузор шуд.

Маҳдии Сафарӣ, муовини дипломатии иқтисодии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти муштараки бозаргонони Эрону Чин дар Пекин гуфт, сафари раисиҷумҳури Эрон ба Чин метавонад ба иҷрои сареътари тарҳҳо ва ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду кишвар мунҷар шавад.

Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар садри ҳайате сиёсӣ ва иқтисодӣ ва ба даъвати расмии Си Ҷинпин, ҳамтои чинии худ ба Пекин сафар карда ва яке аз аҳдофи ин сафар пайгирии санади роҳбурдии 25 сола байни Эрон ва Чин аст.

Эрону Чин дар солҳои гузашта равобити худро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дифоӣ густариш додаанд, ки имзои санади роҳбурдии 25 сола дар марти 2021 гоме муҳим дар ҷиҳати такмили ин раванд маҳсӯб мешавад. Ин санад масири ҳамкории дарозмуддати ду кишварро дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро мушаххас мекунад.

Чин ба унвони бузургтарин иқтисоди коломеҳвари ҷаҳон тайи солҳои гузашта ба сӯрати собит дар садри ҷадвали тиҷорат бо Эрон қарор дошта ва ҳатто дар авҷи солҳои таҳрим, аслитарин шарики тиҷории Эрон боқимонда аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба зарфиятҳо ва қаробати сиёсии тарафайн, замина барои тавсеаи ҳарчӣ бештари тиҷорати ду кишвар вуҷӯд дорад.

Чин бо маҷмӯъ тиҷорати 29.2 миллион тон коло ба арзиши 25.3 миллиарддоллар бештарин  мизони табодули тиҷори бо Эронро дар даҳ моҳи имсол (1401 шамсӣ) доштааст. Ҳамчунин дар байни 143 мақсади содиротии Эрон, кишвари Чин бо хариди 12 миллиарду 806 миллиондоллар, бештарин хариди коло аз Эронро дар ин муддат дошта, ки рушди 10 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қаблро нишон медиҳад. Воридоти Эрон аз Чин ҳам ба 12 миллиарду 698 миллиондоллар расид, ки бо рушди 33 дарсадӣ ҳамроҳ будааст.

Сиёсатҳои Эрон дар заминаи чандҷонибагароӣ, нигоҳ ба Шарқ, узвияти Эрон дар Шанхай, ҳамкориҳои байналмилалии Эрон бо кишварҳои осиёӣ, иртиботи таърихии Эрон бо Чин дар тиҷорату ҳамкорӣ барои фаъолсозии ҷодаи Абрешими ҷадид дар тарҳи Як камарбанд як ҷода, аз ҷумлаи авомиле аст, ки мӯҷиби афзоиши таъомулоти тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон бо Чин шудааст.

Аммо бо таваҷҷӯҳ ба ҳаҷми иқтисоди Чину равобити хуб миёни Эрон ва он кишвар, интизор меравад, мизони сармоягузории Чин дар Эрон афзоиш ёбад, чиниҳо дар соли гузашта наздик ба 200 миллиондоллар сармоягузории мустақим дар Эрон анҷом додаанд, ки аз ин лиҳоз пас аз Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия қарор мегиранд.

Ин дар ҳоле аст, ки Эрону Чин барои иҷроӣ шудани санади роҳбурдии ду кишвар токунӯн чандин тафоҳумнома дар бахшҳои сармоягузории муштарак, нафту газ, таомулоти молӣ ва бонкӣ ва ҳамчунин дар заминаи транзит ва банодир имзо кардаанд, ки интизор меравад дар дидори Раисӣ бо Си Ҷипин, ниҳоӣ шавад.

Бадеҳист, зарфиятҳои ҷуғрофиёии беназири Эрон ба унвони як чаҳор роҳи тиллоӣ дар роҳгузари шарқ - ғарбу шимол - ҷануб, барои таҳаққуқи тарҳи Як камарбанд як ҷода, ки чиниҳо дунбол мекунанд, муҳим аст. Эрон ҷузви маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки дар манотиқи перомунии мутааддиде қарор гирифтааст. Эрон дар ҳавзаи кишварҳои Халиҷи Форс, ғарби Осияё, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва шибҳи қораи Ҳинд қарор мегирад, ки як мавқеъияти вижаи транзит ба унвони пули иртиботӣ байни қораи Осиё, Аврупо ва Африқо маҳсӯб мешавад. Эрон ҳамчунин аз бузургтарин дорандагони манобеи нафту газ дар дунё аст ва метавонад нақше муҳим дар таъмини энержӣ ва амнияти он барои иқтисоди Чин ифо кунад.

Бинобар ин, зарфиятҳои густардаи мавҷӯд дар заминаҳои энержӣ, транзит, тиҷорат ва сармоягузориро метавон аз заминаҳои бисёр муносиб барои таъмиқу тавсеаи равобити иқтисодии Эрон ва Чин донист, ки албатта мутазаммини манофеи ду кишвар аст.

Чжу Юн Бяо, аз мудирони донишгоҳи Ланчжоуи Чин дар ин бора, бо ишора ба сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Чин мегуяд: "ин сафар метавонад ба унвони як иртиқои бисёр муҳим дар равобити Чину Эрон талаққӣ шавад . . . Ҳамкорӣ дар чорчӯби ибтикори камарбанд ва ҷода ва Созмони Ҳамкории Шанхай фазои бештар барои ҳамкории Чину Эрон фароҳам мекунад ва метавон пешбинӣ кард, ки пас аз ин дидор равобити Чину Эрон вориди марҳалаи ҷадид ва болотар шавад."