Ғарибободӣ: Сиёсати Эрон дар ҳавзаи байналмилалӣ таомулӣ аст
(last modified Thu, 16 Feb 2023 05:05:48 GMT )
Феврал 16, 2023 10:05 Asia/Dushanbe
  • "Сиёсати Эрон дар ҳавзаи ҳуқуқи башар дар арсаи дохиливу хориҷӣ мушаххас аст"

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон гуфт, сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи ҳуқуқи башари байналмилалӣ сиёсати таомулӣ аст.

Козими Ғарибободӣ, муовини умури байналмилал ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари Қувваи қазоияи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти муштараки муовини аввали Қувваи қазоияи Эрон бо сафирону дипломатҳои муқиму раисону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар бораи сиёсати ҳуқуқи башарии Эрон гуфт: Сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳавзаи ҳуқуқи башар дар арсаи дохиливу хориҷӣ мушаххас аст ва Эрон илова бар эътиқод ба риояти ҳуқуқи башар ба мафҳуми он низ пойбанд аст.

Ғарибободӣ бо баёни ин ки “муътақидем ҳуқуқи башар реша дар адёни илоҳӣ дорад ва падидаи навзуҳур нест”, афзуд: Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон ҷойгоҳи вижае барои ҳуқуқи башар қоил аст.

Дабири Ситоди ҳуқуқи башар ва муовини умури байналмилали Қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ба тааҳҳудоти байналмилалӣ дар заминаи ҳуқуқи башар пойбанд аст, гуфт: Эрон аз 10 муоҳидаи байналмилалӣ ҷузви 5 конвенсияи ҳуқуқи башарӣ аст ва дар ҳавзаи байналмилалӣ сиёсати таомулӣ дорад.