Шӯрои олии амнияти миллӣ : Тавофуқи музокираи ғайримустақими Эрон бо Амрико ниҳоӣ нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i98482-Шӯрои_олии_амнияти_миллӣ_Тавофуқи_музокираи_ғайримустақими_Эрон_бо_Амрико_ниҳоӣ_нест
Расонаи наздик ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон эълом кард : Ниҳоӣ шудани тавофуқҳои музокираи ғайримустақим бо Амрико ниёзманди садоқат ва набуди сиёсикории онҳост .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 16, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои олии амнияти миллӣ : Тавофуқи музокираи ғайримустақими Эрон бо Амрико ниҳоӣ нест

Расонаи наздик ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон эълом кард : Ниҳоӣ шудани тавофуқҳои музокираи ғайримустақим бо Амрико ниёзманди садоқат ва набуди сиёсикории онҳост .

Ба гузориши хабаргузории донишҷӯёни Эрон ( ИСНА ), расонаи наздик ба Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ( Нурниюс ) дар Твиттер навишт : " Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико ба шакли зимнӣ гузориши NBC дар бораи музокира барои зиндониёни ин кишвар ва амволи бандшудаи Эронро таъйид кард. Бо дархости Вашингтон ва мувофиқати Теҳрон музокироти ғайримустақим ва натиҷабахш анҷом шуда, аммо ниҳоӣ шудани тавофуқот дар ҳоли музокира ниёзманди садоқат ва набуди сиёсикории онҳост . "
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико иддаои як расонаи амрикоӣ дар бораи музокироти ғайримустақими ин кишвар бо Эрон дар бораи табодули зиндониён ва озодсозии амволи бандшудаи Эронро рад накард ва гуфт, ки Вашингтон ҳамвора барои озодии шаҳрвандони худ талош мекунад.