Вокуниши Эрон ба тағйири номи Ҷабҳаи Аннусра ба Ҷабҳаи Фатҳ-уш-Шом
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон тағйири номи гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра ба гурӯҳи мавсум ба Ҷабҳаи Фатҳ-уш-Шомро фақат бозӣ бо калимот донист.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон панҷшанбешаб гуфт: "Тағйири номи Ҷабҳаи Аннусра ба Ҷабҳаи Фатҳ-уш-Шом, фақат бозӣ бо калимот аст ва моҳияти террористии ин гурӯҳ бо чунин иқдоме тағйир намеёбад".
Раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: "Ҳадаф аз ин бозӣ, хориҷ кардани ин гурӯҳ аз феҳристи терроризм аст, дар ҳоле ки чеҳраи зишти ифротигарӣ ва терроризмро наметавон бо иқдомоти намойишӣ татҳир (пок) кард".
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ингуна иқдомотро нишонаи варшикастагии сиёсати тарафдорони ифрот дар минтақа ва дар садри онон Арабистони Саудӣ, ба унвони падар ва ҳомии аслии Алқоида, Толибон, ДИИШ, Ҷабҳаи Аннусра ва гурӯҳҳои террористии зиёд, ба вижа дар Сурия донист.
Раиси маркази дипломатияи умумӣ ва расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, дар мубориза бо терроризм ба авомил ва заминаҳои пайдоиши ин падидаи шум ва таъсироти он тавваҷуҳ кунанд ва бар ин асос, бониён ва ҳомиёни гурӯҳҳои террористиро барои решакан кардани онон таҳти фишор қарор диҳанд.
Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра дар Сурия, рӯзи панҷшанбе дар нахустин ҳузури худ дар баробари дурбинҳо, пас аз эъломи барҳамхурии Ҷабҳаи Аннусра, аз ташкили гурӯҳи Ҷабҳаи Фатҳ-уш-Шом хабар дод.