Феврал 18, 2023 14:01 Asia/Dushanbe
  • Канъонии Чофӣ хитоб ба душманон : Ба зӯдӣ дар муқобили истиқомат, қудрат ва азамати миллати Эрон зонӯ хоҳанд зад

Сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Душманон ба зӯдӣ дар муқобили истиқомат, қудрат ва азамати миллати Эрон зонӯ хоҳанд зад .

Носири Канъонии Чофӣ-сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрони рӯзи шанбе дар Твиттер бо интишори тасвире аз ҳузури бошукӯҳи мардуми Эрон дар маросими роҳпаймоии пирӯзии Инқилоби исломӣ ва даъват накардан аз Эрон барои ширкат дар конфаронси амниятии Мюнхен, даъват аз аносири маълумулҳол дар ин конфаронс навишт : Ононе ки 44 соли ҳузури беназири аксарияти қариб ба иттифоқи эрониён дар ҳимоят аз кишвар, инқилоб ва раҳбарии худро нодида мегиранд ва ба суроғи чанд далғаки беҳуввият мераванд, на ба демокросӣ эътиқод доранд ва на Инқилобу миллати Эронро мешиносанд .
Канъонии Чофӣ хитоб ба душманони миллати Эрон тасреҳ кард : Ба зӯдӣ дар муқобили истиқомат, қудрат ва азамати миллати Эрон зонӯ хоҳед зад
.Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон душанбе ( 13 феврал ) дар нишасти ҳафтагӣ бо хабарнигорон низ дар бораи даъват накардан аз Эрон барои ширкат дар конфаронси амниятии Мюнхин гуфт : Даъват накардан аз бархе кишварҳо иқдоми гузинишӣ бо ангезаҳои сиёсӣ аст ва ин нишонгари тадовуми рӯйкарди иштибоҳ дар иртибот бо таҳаввулоти марбут ба Ҷумҳурии исломӣ Эрон аст ва нақзи ғараз талаққӣ хоҳад шуд .
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд : Даъват накардан аз Эрон барои ширкат дар ин конфаронс ба маънои муҳосибаи ғалату истимрори рафторҳои ғалати сиёсӣ ва иқдоми гузинишӣ бо ангезаҳои сиёсӣ аст ва табиатан иқдоми ғайриҳирфаӣ арзёбӣ мешавад .
 

 

Барчасп