Феврал 18, 2023 15:06 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сафорати Эрон дар Лондон ба иқдоми як расонаи англисӣ

Сафорати Эрон дар Англия гузориши рӯзномаи англисӣ " Дейли телеграф "-ро мамлу аз иттиҳомоти сохтагӣ донист ва аз ин нашрия хост ба ҷои интишори иддаоҳои бепояи Исроил ва бархе созмонҳои террористӣ ба манобеи боваринок истинод кунад .

Нашрияи " Дейли телеграф "-ба тозагӣ бо интишори матлабе ба қалами ду нафар аз намояндагони зиддиэронии маҷлиси авоми Англия  ва ҳомии режими саҳюнистӣ иддаоҳои бепояи зидди Эрон ва ниҳодҳои эронӣ ҳамчун Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон матраҳ карданд .
Ҳамзамон бо ҷанги таркибии душманон зидди миллати Эрон шуморе аз сиёсатмадорону расонаҳои англисӣ низ бо дамидан бар оташи иғтишошот дар Эрон талошҳои тозаеро зидди миллати Эрону ниҳодҳои эронӣ ба вижаи Сипоҳи посдорон шакл додаанд, ки ағлаб аз ҷониби ҳомиёни режими саҳюнистӣ пайгирӣ мешавад .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, сафорати Эрон дар Англия дар вокуниш ба дарҷи матлаби зидди Эрон дар ин рӯзнома бо унвони " Тероризми Эрон хатари ошкору мудовим барои Англия " таъкид кард пеш аз ҳар чиз муҳим аст ки ба ин нукта тавваҷуҳ шавад, ки сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ танҳо созмоне буд, ки зидди тероризм дар минтақа ( Ироқу Сурия ) мубориза кард .
Дар гузориши сифорати Эрон дар Англия омадааст : Дар шароите ки хатари террористҳои ДИИШ он қадар ба Аврупо наздик буд ва касе ҷуръати истодагӣ дар баробари онро надоштипоҳи посдорони инқилоби исломӣ неруии аслии мубориза бо тероризму муҳофизат аз ғайринизомиёни бегуноҳ дар кулли минтақа будааст .
и Сафорати Эрон дар Англия ҳамчунин эълом кард : Ҳизбуллоҳу Ҳамос дар Лубнону Ғазза зидди ишғолгарии режими опортойди Исроил барои дастёбӣ ба сарзаминҳои худ мубориза мекунанд .
 Сафорати Эрон дар Англия дар бораи иддаоҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон низ тасреҳ кард : Фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон бо шадидтарин барномаи назоратии Ожонс дар ҳоли пайгирӣ аст ва Эрон танҳо узви тавофуқи Барҷом аст, ки ба таъаҳҳудоти худ пойбанд будааст .
Сафорати Эрон дар бораи иттиҳомоти нашрияи англисӣ ба Эрон дар бораи ҷанги Украина ва иддиъои фурӯши паҳподҳо ба Русия ҳам эълом кард : Эрон борҳову борҳо аз мақомоти Украина хостааст ки мадорики худро дар бораи ин иддао дар қолаби музокираи мустақим дар кишвари солис биоваранд ва онҳоро ироа кунанд, аммо украиниҳо то кунун посухе ироа накардаанд.

 

Барчасп