Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, муқовимат ва артиши Сурия бо озодсозии Ҳалаб дар шимоли ин кишвар аз ишғоли террористҳо, тавтеаҳои душманони Исломро хунсо карданд.
Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо табрики озодсозии шаҳри Ҳалаб аз ишғоли террористҳо гуфт, муқовимат ва артиши Сурия бо пирӯзӣ бар террористҳо, бар режими саҳюнистӣ, Амрико ва саудиҳо пирӯз шуданд.
Оятуллоҳ Кошонӣ бо маҳкум кардани ҷиноёти террористҳо дар Сурия ва Ироқ ва аоруна ҷилва додани ҳақоиқ афзуд, террористҳои мавриди ҳимояти режими саҳюнистӣ дар сададанд бо ин ҷиноёт масъалаи Фаластин, ки масъалаи аслии ҷаҳони Ислом аст, фаромӯш шавад.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон мушкилоти ҷаҳони Исломро режими саҳюнистӣ, Амрико ва Оли Сауд донист ва афзуд, истиқомат ва муқовимат дар муқобили душманон роҳи наҷоти ҷаҳони Ислом аст.
Вай хотирнишон кард, ки ба зудӣ ҳамаи сарзаминҳои Ироқ ва Сурия аз ишғоли террористҳо озод хоҳад шуд.
Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ ҳамчунин дар бахши дигаре аз суханонаш ба тамдиди 10-солаи Амрико ба Қонуни таҳрими Эрон ишора кард ва гуфт, ин таҳрим нақзи БАРҶОМ аст.
Оятуллоҳ Кошонӣ таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ба нақзи БАРҶОМ аз тарафи амрикоиҳо, тасмимоти мантиқӣ ва қотеъ хоҳад гирифт.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо табрики мелоди Паёмбари акрам (с) ва Имом Ҷаъфари Содиқ (а), набераи поки ҳазрати расул (с) гуфт, бояд бо нури тақво зиндагиро нуронӣ кард.