Феврал 20, 2023 19:48 Asia/Dushanbe
  • Муовини иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон: Рушди каридурҳои иртиботи авлавияти аслии кишвар аст
    Муовини иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон: Рушди каридурҳои иртиботи авлавияти аслии кишвар аст

Муовини иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон дар ҳаштумин пешнишасти ҳамоиши миллии рушди соҳилҳои Макрон таъкид кард: Рушди каридурҳои иртиботи авлавияти аслии кишвар аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Сафарӣ, муовини иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон имруз душанбе дар нишасти ҳамоиши миллӣ рушди соҳилҳои Макрон бо баёни эҷод ва рушди каридурҳо аҳамияти вижа дорад аз ҳамроҳи ва сармоягузории кишварҳои минтақаӣ ва ҳамсоя дар ин каридурҳо хабар дод.

Дар ин пешнишаст Маҳдии Сафарӣ, муовини иқтисодии Вазорати хориҷа бо ишора ба ин ки Макрон аз Ҷосак то Чобаҳор имтидод дорад гуфт: Ба далели наздикии соҳилҳои Макрон ба тангаи Ҳурмуз метавон кишварҳои хориҷиро ба сармоягузор дар ин минтақа ташвиқ кард.

Сафарӣ афзуд: Бисёри аз кишварҳои монанди Ҳинд, Чин ва Русия барои сармоягузори дар хушки ва об дар Чобаҳор алоқаманд ҳастанд.

Муовини дипломосии иқтисодии Вазорати хориҷа бо ишора ба ин ки дар бораи сармоягузори дар яке аз ду бандарҳо дар Ҷосак ва Чобаҳор дар канори ҳиндиҳо бо чиниҳо ройзани кардем гуфт: Онҳо алоқаманд ба такмили занҷира ва бурдани колоҳои худ дар бахши петрушими петруполоишгоҳ ҳастанд.

Соҳилоҳи Макрон дар устони Систон ва Балучистони Эрон дар имтидоди дарёи Уммон қарор дорад.

Барчасп