Пирӯзии намояндаи Эрон баробари намояндаи Арабистон дар Лигаи қаҳрамонони Осиё
Феврал 21, 2023 10:21 Asia/Dushanbe
Тими футболи Фулоди Хузистони Эрон дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё баробари Ал-Файсалии Арабистон ба пирӯзӣ расид ва ба марҳалаи баъдӣ роҳ ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин бозӣ бо натиҷаи 1 бар 0 ба сӯди Фулод тамом шуд .
Дар ин мусобиқа, ки бо қазовати довари уммонӣ дар варзишгоҳи Қатар баргузор шуд,Сосони Ансорӣ дақиқаи 64 барои Фулод голзанӣ кард.
Пеш аз ин аз минтақаи ғарби Осиё тимҳои Ашшабоби Арабистон ва Аддуҳайли Қатар ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ расида буданд.
Танҳо тими боқимонда пас аз бозии Алҳилоли Арабистон бо Шабоби Алаҳлии Аморот мушаххас мешавад.
Барчасп