Феврал 22, 2023 11:08 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори кордори муваққати Англия ба вазорати умури хориҷаи Эрон

Вазорати умури хориҷаи Эрон дар эътироз ба тадовуми иттиҳомзаниҳои беасоси мақомоти англисӣ алайҳи Ҷумҳурии исломӣ, кордори муваққати ин кишвар дар Теҳронро эҳзор кард.

Раиси идораи сеюми ғарби Аврупои вазорати умури хориҷаи Эрон дар мулоқоти хонум Изабел Марш, кордори муваққати сафорати Англия дар Теҳрон, тарҳи иддаоҳои бепояву асосро тадовуми сиёсати эронҳаросӣ хонд ва таваққуфи ин рӯйкарди ғайрдӯстонаи давлати Бритониёро хостор шуд.

Вай ҳамчунин зимни сиёсикорона донистани таҳримҳои ҷадиди Англия афзуд, кишваре, ки шадидтарин табъизҳо ва иҷҳофҳоро дар ҳаққи муҳоҷирон ва мусулмонон раво дошта ва паноҳҷӯёнро бар хилофи қавонини байналамлл билоиҷбор ба Руанда мунтақил мекунад, дар ҷойгоҳе нест, ки дар мавриди ҳуқуқи башар сухан бигӯяд.

Раис идораи сеюми ғарби Аврупои вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чаҳордаҳаи гузашта нишон дода, ки таслими ҷавсозиҳо ва фишорҳои хориҷӣ намешавад ва бар ҳамин асос ба зуддӣ посухи мутақобил нисбат ба таҳримҳои режими Бритониёро эълом хоҳад кард.

Хонум Изабел Марш эълом кард, маротибро ба Лондон мунъакис хоҳад кард.

 

Барчасп