Феврал 23, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Қазоқистон
    Густариши ҳамкориҳои Эрон ва Қазоқистон

Дар нишасти муштараки ҳайати иқтисодии устони Мангустаи ва Гулистон (шимолӣ Эрон) бар густариши ҳамкороиҳои дуҷониба таъкид шуд.

Ба гузориши Ирно, ҳайати туҷори иқтисодии Мангустаи Қазоқистон, бо ҳадафи баррасии зарфиятҳои рушди табодулоти иқтисодӣ байни устони Гулистон ва Ҷумӯрии Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе аз тариқи фурудгоҳи Гургон вориди устони Гулистон шуд

Сайидмуҳаммад Даҳнавӣ муовини умури иқтисодии устондори Гулистон шомгоҳи чаҳоршанбе дар нишасти ҳайати иқтисодии тоҷирони  Мангустаи Қазоқистон бо мудирони иҷроӣ ва фаъолони иқтисодии Гулистон дар Гургон бо баёни ин, ки зиндагӣ беш аз 7 ҳазор қазоқ дар Гургон нишони пайванди таърихии устони Гулистон бо Ҷумҳӯрии Қазоқистон аст, гуфт: Алоқамандии ҳайати қазоқистонӣ дар истифода аз зарфият ва тиҷоруби Гулистон ба вижа дар бахши кишоварзӣ ва шилот аз ҷумлаи мавзӯъоте аст, ки дар ин сафари ду рӯзаи ҳайати қазоқистонӣ ба Гулистон ба он парндохта хоҳад шуд.

Даҳнавӣ бо ишора ба зарфиятҳои гардишгарии табиӣ ва гардишгарии салдомати Гулистон изҳор  умедвори кард бо афзоиши теъдодӣ парвозҳо байни дукишвар Эрон ва Қазоқистон ба дастовардҳои муносибе барои сармоягузорӣ ва ҳузури фаъолони иқтисодии дукишвар даст ёбем.

Муъовини иқтисодии устондори Мангустай ҳам дар ин ҷаласа гуфт: Баҳраманди аз тавоноӣ ва таҷрубаи Гулистон дар бахшҳои мухталифи кишоварзии  шилот ва иқтисодӣ аз ҷумлаи аҳдофи пешбинӣ шуда барои сафари тими қазоқистонӣ ба Гулистон аст.

Қонот  Қулҷонов афзӯд:   Мангустай метавонад пули асарбахш барои рушди дукишвар Ҷумҳӯрии Исломии Эрон бо Қазоқистон бошад.

Муовини иқтисоди устондори  Мангустаи  ҳамчунин аз алоқаи қазоқҳо барои  сармоягузори дар ҳазаи мева  ва сабзиҷот ва ҳамчунин масолеҳи сохтумонии Гулистон хабар дод.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп