Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатранҷи ношунавоён: 5 пирӯзӣ барои Эрон
(last modified Thu, 23 Feb 2023 07:20:26 GMT )
Феврал 23, 2023 12:20 Asia/Dushanbe
  • Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатранҷи ношунавоён: 5 пирӯзӣ барои Эрон
    Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатранҷи ношунавоён: 5 пирӯзӣ барои Эрон

Нахустин рӯз аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатрнҷи ношунавоён ба мизбонии Урдун бо 5 бурд ва як тасовии варзишкорони Эрон хотима ёфт.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ирно, Пӯриё Ҷамолӣ, Ормин Раҳматпур ва низ Гулизода се шатранҷбози ношунавои Эрон, ки дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатранҷи ношунавоён дар Урдун ширкат карданд дар рӯзи аввали ин мусобиқот муваффақ ба касби 5 бурд ва як мусовӣ шуданд.

Image Caption

 

Дар аввалин рӯзи ин мусобиқот Пӯриё Ҷамолӣ дар баробари рақибои худ аз Иморот ва Урдун ба бартари расид, Ормин Раҳматпур дар  баробари ҳарифи иморотии худ пирӯз шуд ва муқобили варзишкорони кишвари мизбон ба тасовӣ расид.

Дар бахши бонувон низ Гулизода дор ду дидори худ баробари варзишкорони Арабистони Саъудӣ ба пирӯзӣ расид.

Аввалин давраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва Уқёнусияи шатранҷи ношунавоён то 9 исфанд моҳ (28 феврал) дар Уммон Урдун идома дорад.

Бештар бихонед: