Табрики солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ( а )
Имрӯзи чаҳоруми шаъбони соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 феврали 2023, солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ( а )аст .
Чаҳоруми шаъбони соли 26 ҳиҷрии қамарӣ, ҳазрати Аббос (а ) мулаққаб ба « Абулфазл, Қамари бани Ҳошим,аламдори Карбало ва Саққо » аз фарзандони ҳазрати Алӣ ( а ),ёри вафодор, писарамак ва домоди Паёмбари Акрам(с) дар шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуд.
Модари гиромии он ҳазрат Уммулбанин ном дошт, ки пас аз вафоти ҳазрати Фотимаи Заҳро ( с ) ифтихори ҳамсарии ҳазрати Алӣ (а)-ро ёфт .Ҳазрати Абулфазл ( а ) ҳамосасози қиёми Ошуро аст, ки бо исор, ҷонбозӣ ва шаҳодат тавонист ишқу иродат ба имоми замони худро ба мансаи зуҳӯр бирасонад ва ин гуна улгӯи шоиста аз вафодорӣ барои раҳравони роҳи ҳақиқат лақаб гирад.
Солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ( а ) дар тақвими Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи Ҷонбоз номгузорӣ шудааст .
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос ( а )-парчамдори ишқу исорро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.