Феврал 25, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • 9 медали рангоранг барои каратэбозони Эрон

Каратэбозони эронӣ дар рӯзи дувуми мусобиқоти Лигаи ҷаҳонии каратэи Фуҷайра 2023 дар кишвари Амороти Муттаҳидаи Араб муваффақ ба касби 9 медали рангоранг шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросонуюмин рӯз аз мусобиқоти Лигаи ҷаҳонии каратэи ҷавонон  тими Эрон муваффақ ба касби як медали тилло, як медали нуқра ва ҳафт медали бринҷӣ шуданд.
Имрӯз дар сеюмин рӯз аз мусобиқот навҷавонони эронӣ дар ду бахши духтарону писарон ва дар вазнҳои 47 -  54 - 61 - 61 + духтарону авзони 52 -  57 -  63 -  70 -  70 +и писарон дар радаи синнии навҷавонон пайгирӣ хоҳад шуд .
Дар ин рақобатҳо ки аз рӯзи панҷшанбе оғоз шудааст ва то фардо ( якшанбе ) идома дорад, 1185 варзишкор аз 66 кишвар ҳузур доранд .

 

Барчасп