Феврал 25, 2023 18:00 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми намояндагони Раҳбари муаззами инқилоб барои таҷлил аз ҷонбозон
    Эъзоми намояндагони Раҳбари муаззами инқилоб барои таҷлил аз ҷонбозон

Ҳайатҳое аз тарафи Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар солрӯзи валодати бо саъодати ҳазрати Абулфазли Аббос (а) ва рӯзи ҷонбозон бо ҳузур дар манзилҳои теъдоде аз ҷонбозони сарафроз аз рашодатҳо ва фидокориҳои онҳо таҷлил карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳуҷатулислом валмуслимин Шакурӣ, Ҳоҷ Алиакбарӣ, Ахтарӣ, Муҳсини Қумӣ ва Муҳаммади Қумӣ дар Теҳрон дар манзилҳои ҷонбозон ҳозир шуданд ва зимни касби иттилоъ аз зиндагӣ ва шароити онҳо аз муҷоҳидатҳои ин ёдгорони дифои муқаддас ва дифоъ аз ҳарам қадрдонӣ карданд.

Қозизодаи Ҳошимӣ, раиси Бунёди шаҳид ва умури исоргарони Эрон низ ба манзили теъдоде аз ҷонбозон рафт ва бо онҳо гуфтугу кард.

Ҳамчунин намояндагони валии фақиҳ дар марказҳои устонҳо ва имомони ҷумъаи саросари Эрон низ ба намояндагӣ аз Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар манзилҳои теъдоде аз ҷонбозони саросари кишвар ҳузур ёфтанд ва аз ин исоргарон таҷлил карданд.

Имрӯз шанбе чаҳоруми шаъбони соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 25 феврали соли 2023 солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббоc (а) аз фарзандони ҳазрати Алӣ (а) аст.

Солрӯзи валодати ҳазрати Абулфазли Аббос(а) дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷонбоз номгузорӣ шудааст.