Феврал 25, 2023 18:41 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Мушакҳои крузи мофавқи садо тавсеа меёбад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард: Мушакҳои крузи мофавқи садо тавсеа меёбад.

Мушакҳои “Пова” ҷадидтарин мушакҳои крузи заминпояи Эрон бо бурди 1650 километриро нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ тавлид ва рӯнамоӣ кард.

Генерал Ҳусейни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни ин ки мушакҳои круз тавсеа меёбад гуфт: Круз чун дар сатҳи замин ҳаракат мекунанд, монанди як парандаи болсобит ҳастанад ва суръати зиёд надоранд, аммо дар навъи мофавқи садо тавсеа пайдо мекунанд.

Генерал Саломӣ имрӯз дар ихтитомияи Ҷашнвораи миллии ҷаҳонгардон, ки дар лонаи ҷосусии собиқи Амрико баргузор шуд, ба шикастҳои пай дар пайи амрикоиҳо аз миллати Эрон ишора кард ва афзуд: Амрикоиҳо чун дар майдони ҷанги низомӣ шикаст хурданд, тамоми захираҳои роҳбурдии худро зидди Эрон бакор бастанд.

Фармондеҳи кулли сипоҳ бо ёдоварии инки роҳбурди Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дарёи Баҳри Миёназамин ва дарёи Сурх густариш ёфтааст афзуд: Имрӯз дар канори Баҳри Миёназамин  ва дарёи Сурх ҳастем ва душманро таҷзия кардем.

Генерал Саломӣ бо ёдоварии ин ки душман маҷбур шуд ҳудуди ҳазор миллиарддоллар барои муқобила бо Эрон ҳазина кунад гуфт: Душман қудрати мутлақро намефаҳмад ва ҷуз бо забони қудрат намешавад бо мустакбирон сухан гуфт.

Фармондеҳи кулли сипоҳ таъкид кард: Имрӯз амнтарин киштиҳо таҳти парчами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаракат мекунанд.