Қароргоҳи амлиёти муштараки Эрон ва Ироқ барои ҳамоҳангии Арбаъин
Раиси ситоди марказии Арбаъини Ҳусейнӣ аз тавофуқи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо давлати Ироқ барои ташкили як қароргоҳи амалиётии муштарак хабар дод.
Сайидмаҷиди Мираҳмади, раиси ситоди марказии Арбаъини Ҳусенӣ аз тавофуқ бо давлати Ироқ барои ташкили як қароргоҳи амалиёти муштарак хубар дод, ки ҳадафи он ҳамоҳангии беҳтар барои пешбурди барномаҳо ва низ ҳалли масоил ва мушкилоти мартабит бо зоирони ҳусейнӣ дар маросими Араъини соли янда эълом шуда аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон нишасти сиоди марказии Арбаъини Ҳусейнӣ бо ҳузури намояндагони дастгоҳҳои марбута ба раёсати Сайидмаҷиди Мираҳмади, раиси ситоди маркази дар маҳали Вазорати кишвар баргузор шуд.
Дар ин нишаст Мираҳмади бо таъкид бар зарурияти асли мудирияти воҳид дар мавзуъи Арбаъини Ҳусейнӣ(а) гуфт: Ситоди марказии Арбаъини Ҳусейнӣ марҷаъи аслии сиёсатгузори дар бахши мудирияти зоирони ҳусейнӣ аст ва ҳамоҳанги амали ҳамаи дастгоҳҳо бо ситод барои хидматрасонии қавитар ба зоирон амри зарури аст.
Раиси ситоди маркази Арбаъини Ҳусейнӣ аз тавофуқ бо давлати Ироқ барои эҷоди як қароргоҳи муштараки амалиётии Арбаъин хабар доду гуфт: Ин қароргоҳ бо ҳадафи ҳамоҳангии беҳтар барои пушбурди масоили марбут бо зоирони ҳусейнӣ эҷод мешавад.