Тавофуқи Амирабдуллоҳиён ва Гутерриш дар бораи музокироти рафъи таҳримҳо
(last modified Tue, 28 Feb 2023 05:22:57 GMT )
Феврал 28, 2023 10:22 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Амирабдуллоҳиён ва Гутерриш дар бораи музокироти рафъи таҳримҳо

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид бо ҳам дидор ва бар сари музокироти рафъи таҳримҳо тавофуқ карданд.

Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар идомаи ройзаниҳо ва гуфтугӯҳои дипломатӣ бо вузарову мақомоти олирутбаи ширкаткунанда дар панҷоҳу дувумин иҷлоси Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал дар Женева бо Антонио Гутерриш дидору гуфтугӯ кард.
Ба гузориши хабаргузории радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин дидор охирин таҳаввулоти муртабит бо ҳамкориҳои Эрон ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба манзури рафъи ихтилофи назарҳои фаннӣ ва сафари мақомоти ожонс ба Теҳрон таҳаррукоту иқдомоти дипломатии дар ҳоли анҷом дар бораи музокироти рафъи таҳримҳо ва бозгашти ҳамаи тарафҳо ба Барҷом мавриди табодули назар қарор гирифт.
Амирабдуллоҳиён ва Гутерриш дар ин дидор тавофуқ карданд, ки гомҳои тарроҳишуда дар бораи мавзӯъоти ёдшуда бо ҳамоҳангӣ ва истимрори машваратҳои муштарак мавриди пайгирӣ қарор гирад.