Декабр 17, 2016 12:55 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Рӯҳонӣ ба муносибати солгарди истиқлоли Қазоқистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба раиси ҷумҳурии Қазоқистон, фаро расидани биступанҷумин солгарди истиқлоли ин кишварро ба вай, давлат ва мардуми Қазоқистон табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар паёми табрикӣ ба Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ба муносибати фаро расидани солрӯзи истиқлоли ин кишвар ибрози умедворӣ кард, дар сояи иродаи ҷиддии масъулони ду кишвар, муносиботи дӯстона дар чорчӯби манофеи мутақобил, беш аз пеш густариш ёбад.

Қазоқистон дар таърихи 16-уми декабри соли 1991 аз Иттиҳод ҷамоҳири Шӯравӣ эъломи истиқлол кард.

 

Барчасп