Феврал 28, 2023 12:25 Asia/Dushanbe
  • Хоккейи рӯйи яхи ҷаҳон ; пирӯзии Эрон баробари Малайзия

Тими миллии хоккейи рӯйи яхи Эрон нахустин дидори худ дар мусобиқоти ҷаҳониро бо пирӯзӣ баробари Малайзия пушти сар гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусобиқоти ҷаҳонии хоккейи рӯйи яхи гуруҳи 3 аз рӯзи душанбе барои тими миллии Эрон оғоз шуд, ки миллипӯшони Эрон дар нахустин дидори худ дар шаҳри Сороевои Босния ва Ҳирзиговин ба масофи тими миллии Малайзия рафтанд.
Шогирдони Коваи Сидқӣ, ки дуюмин соли ҳузури худ дар ин мусобиқотро таҷриба мекунанд бо ироаи бозии зебову қудратмандона муваффақ шуданд Малайзияро бо натиҷаи 14 бар 4 шикаст диҳанд ва гоми аввалро муҳкам бардоранд .
Тими миллии хоккейи рӯйи яхи Эрон соли гузашта бо касби натоиҷи қобили қабул тавонист аз гуруҳи 4 ба гуруҳи 3 суъӯд кунад Тими миллии Эрон дар ин давра аз мусобиқот бояд бо тимҳои Ҳонг Конг, Босния, Қирғизистон ва Сингарпур низ рақобат кунад.
 

 

Барчасп