Март 02, 2023 21:25 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Баҳрабардорӣ аз бахши 14 маҷмӯъаи полоишгоҳи Порси ҷанубӣ ҷилваи азму иродаи баланд ва таҳаққуқи шиори " Мо метавонем " буда, ки бо ҳамаи вуҷуд иҷроӣ шудааст .

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Саидиброҳими Раисӣ-раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ойини ифтитоҳи бахши 14 полоишгоҳи Порси ҷанубӣ ба унвони эронитарин бахши ин маҷмӯъа, бо қадрдонӣ аз ҳамаи дастандаркорон, мутахассисон ва ба хусӯс коргарон барои сохти ин полоишгоҳ гуфт : Манофеи ин полоишгоҳу маҳсулоти он метавонад бахшҳои муҳимме аз саноъати нафту энержии кишварро фаъол кунад .

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд : Ширкатҳои хориҷӣ ки барои сорхти бахши 14 полоишгоҳи Порси ҷанӯбӣ ба Эрон омада буданд, бо тасаввури инки баъд аз рафтани онҳо кори ин бахши полоишгоҳӣ таътил хоҳад шуд, Эронро тарк карданд, аммо мутахассисони ҷавони Эрон иҷоза надоданд кор таътил шавад бо ҳиммати онон ба баҳрабардорӣ расид .
Полоишгоҳи бахши 14 Порси ҷанубӣ охирин муҷтамаъи полоишгоҳии дар ҳоли тавсеаи Порси ҷанубӣ аст, ки мароҳили сохт ва роҳандозӣ он аз сӯи ширкати нафту гази Порс ба намояндагӣ аз ширкати миллии нафти Эрон аз суи маҷмӯъае аз паймонкорони дохилӣ ба раҳбарии Созмони густаришу навсозии саноеъи Эрон анҷом шудааст .

Бо баҳрабардории комил аз тарҳи тавсеаи бахши 14 Порси ҷанубӣ бардошти рӯзона аз ин бахш ба беш аз 50 миллион метри мукаъаб мерасад ва арзиши фаровардаҳои содиротии он солона 3.5 миллиард доллар баровард мешавад .
Сайидиброҳими Раисӣ рӯзи панҷшанбе дар сеюмин мақсад аз даври дувум сафарҳои устонӣ вориди устонӣ Бушеҳр шуд .
Ифтитоҳи обширинкуни шумораи 2 Бушеҳр, дидор бо мардуми ин шаҳр ва мардуми шаҳристони Хурмуҷ, дидор бо уламои шиъаву аҳли суннати устони Бушеҳр, нишасти тахассусӣ бо сармоягузорону фаъолони иқтисодӣ ва фарҳангии устони Бушеҳр ва ширкат дар ҷаласаи тавсеаву сармоягузории устон бахше аз барномаҳои сафари дурӯзаи раиси ҷумҳурии Эрон ба ин устон эълом шудааст.