Кинояи кордори сафорати Эрон дар Лондон ба сафири Англия дар Теҳрон
Кордори сафорати Эрон дар Лондон аз сафири Англия дар Теҳрон хост ба ҷои мудохила дар умӯри дохилии Эрон, омори дақиқе аз кушта шудани сарбозони англисӣ дар ҷанги Украина ироа кунанд .
Дар рӯзҳои гузашта теъдоде аз донишомӯзони мадорис дар бархе шаҳрҳои Эрон дучори масмӯмият(заҳролудӣ) шуданд, ки гуруҳҳои арзёбӣ ва тахассусӣ дар ҳоли баррасии иллати моҷарои ин масмӯмият ҳастанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, моҷарои масмӯмияти машкӯки донишомӯзони духтари эронӣ дар бархе аз мадориси Эрон бо вокунишҳои мудохилаҷӯёнае аз сӯии мақомоти ғарбӣ мувоҷеҳ шуд.
Анналена Баербок-вазири умӯри хориҷаи Олмон бо вуҷӯди оғози таҳқиқот дар бораи иллати масмӯмияти духтарони донишомӯз дар Эрон, дар изҳороти мудохилаҷӯёна ба ибрози нигаронӣ сохтагӣ пардохт ва хостори таҳқиқоти комил дар ин хусӯс шуд .
Симон Шерслифф-сафири Англия дар Теҳрон низ рӯзи чаҳоршанбе дар тветтӣ навишт : «Ба унвони як падар, ибрози ҳамдардӣ мекунам бо ҳамаи падарону модарони эронӣ, ки нигарони фарзандони худашон дар мадраса ҳастанд ба хотири масмӯмиятҳои сериалӣ, ки тамомӣ надорад . »
Дар ҳамин росто дар пайи паёми ҳамдардии иддаоии сафири Англия дар бораи масмӯмияти машкӯки бархе аз донишомӯзони эронӣ, ки бо ҳадафи баҳрабардориҳои сиёсӣ ва тадовуми ҷанги таркибӣ алайҳи Эрон матраҳ шуд . Сайид Меҳдии Ҳусайнии Матин-кордори сафорати Эрон дар Лондон дар тветте ба пинҳонкорӣ ва дӯруии давлати Англия бо мардуми ин кишвар дар бораи омори талафоти сарбозони англисӣ дар ҷанги Украина ишора кард ва навишт :Бино бар гузоришҳо теъдоди зиёдӣ аз сарбозони англисӣ аз соли гузашта, ки ҷанги Украина оғоз шуд ба ин кишвари эъзому кушта шудаанд.
Кордори сафорати Эрон дар Лондон бо ишора ба инки оморҳои мухталифе аз манобеи русу Англия дар ин робита мунташир шуда, афзуд : Ҳануз ин оморҳо аз сӯии мақомоти англисӣ тайид нашудааст ; мардум дар Англия ҳақ доранд дар ин робита огоҳ бошанд.
Бештар бихонед :